Парвиз Мушарраф дар интихоботи порлумонии Покистон ширкат мекунад

  • 7 Апрел, 2013
Парвиз Мушарраф
Image caption Парвиз Мушарраф дар Покистон бо ититҳомоте назири нақзи қонун ва ихроҷи қуззоти аршад рӯбарӯ аст

Мақомоти баргузории интихобот дар Покистон ҳузури Парвиз Мушарраф, раҳбари низомии пешини ин кишварро дар интихоботи умумии оянда таъйид кардаанд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки оқои Мушарраф бо ититҳоми нақзи қонун дар кишвар рӯбарӯ аст.

Гуфта шуда, ки мақомоти баргузории интихобот номзадии оқои Мушаррафро аз шаҳри Читрол дар шимоли Покистон, ки дар наздикии марзи Афғонистон воқеъ аст, пазируфтаанд.

Оқои Мушарраф, ки дар пайи кудетое дар соли 1999 мелодӣ ба муддати 9 сол зимоми умурро дар Покистон ба даст гирифт, дар моҳи гузаштаи мелодӣ пас аз 4 соли табъиди худхоста ба кишвар бозгашт.

Раиси ҷумҳури собиқи Покистон пас аз бозгашт ба кишвар қавл дод, ки дар интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст 11 май баргузоор шавад, ширкат кунад.

Пештар талошҳои оқои Мушарраф барои кондидотурӣ аз ду шаҳри дигар аз ҷумла Карочӣ ба далели иттиҳомоте назири нақзи қонун ва ихроҷи қуззоти аршад, рад шуда буд.

Раиси ҷумҳури пешини Покистон қасд дорад дар интихоботи ояндаи ин кишвар ҳизби худ, Муслим Лиг (шохаи Мушарраф)-ро раҳбарӣ кунад.

Афзал Оқо, аз мақомоти вобаста ба ҳизби оқои Мушарраф радди дархостҳои ӯро тасмиме ҷонибдорона тавсиф кард ва гуфт, ки хостори бознигарӣ дар ин тасмимҳо шудаанд.

Аз замони канорагирии оқои Мушарраф аз қудрат дар соли 2008 мелодӣ аз нуфузи ӯ коста шуда ва ӯ бо иттиҳомоте дар дохили кишвар рӯбарӯ аст.

Матолиби муртабит