Ҳукми боздошти фаврии Парвиз Мушарраф содир шуд

  • 18 Апрел, 2013
Image caption Парвизи Мушарраф бо чанд парвандаи иттиҳомӣ дар иртибот бо тахаллуфоте дар давраи раёсати ҷумҳурии худ мувоҷеҳ аст

Ҳукми боздошти фаврии Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи Покистон, содир шудааст.

Рӯзи панҷшанбеи 18 апрел қозии додгоҳе дар Исломобод, пойтахти Покистон, бо радди дархости Парвиз Мушарраф барои тамдиди давраи озодии муваққат дар баробари супурдани васиқа дастур дод, ки раиси ҷумҳурии собиқи Покистон фавран боздошт шавад.

Бо судури ҳукми боздошт, оқои Мушарраф басуръат аз сохтмони додгоҳ хориҷ шуд ва дар ҳоле ки муҳофизонаш ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, бо як худрави "Ҷип" аз маҳал гурехт.

Иллати ҳузури Парвиз Мушарраф дар Додгоҳи олии Исломобод дар субҳи панҷшанбе таслими дархости тамдиди озодии муваққат буд, ки бо мухолифати қозӣ мувоҷеҳ шуд.

Ҳукми қозӣ ба парвандаи иттиҳоме алайҳи раиси ҷумҳурии собиқ дар иртибот бо ихроҷи қуззоти Девони олии Покистон дар соли 2007 марбут мешавад.

Рӯзи гузашта додгоҳи дигаре дар шаҳри Ровалпендӣ бо дархости вукалои оқои Мушарраф барои озодии ӯ дар баробари васиқаи пулӣ мувофиқат кард.

Бар асоси раъйи рӯзи чаҳоршанбе Парвиз Мушарраф бо васиқа гузоштани ду фақара авроқи баҳодор ҳар кадом ба маблағи ним милюн рупия то рӯзи 24 апрел озод хоҳад буд.

Image caption Тарафдорони Мушарраф судури ҳукми боздошти фаврии ӯро ғайримунтазира тавсиф кардаанд

Ҳукми додгоҳи Ровалпендӣ ба парвандаи иттиҳомӣ алайҳи женероли бознишаста Парвизи Мушарраф дар иртибот бо терури Беназир Буту, нахуствазири собиқ ва раҳбари ҳизби "Мардуми Покистон" дар соли 2007 иртибот доштааст.

Раиси ҷумҳури собиқи Покистон бо як парвандаи иттиҳомии дигар низ мувоҷеҳ аст, ки ба қатли яке аз раҳбарони миллигарои балуч дар соли 2006 марбут мешавад.

Сухангӯйи ҳизби Муслим лиги саросарии Покистон гуфтааст, ки Парвизи Мушарраф ва вакилони ӯ итминон доштанд, ки додгоҳи Исломобод ҳам бо дархости тамдиди давраи озодии муваққати оқои Мушарраф мувофиқат хоҳад кард ва раъйи қозӣ барои боздошти раҳбари ҳизб барои онон ғайричашмдошт будааст.

Аз маҳалли будубоши оқои Мушарраф иттилоъе дар даст нест

Раҳбарии Покистон

Дар октябри соли 1999 женерол Парвиз Мушарраф, раиси вақти ситоди нерӯи заминии артиши Покистон, Навоз Шариф, нахуствазири вақтро барканор кард ва худ бо ҳифзи симати низомӣ, дар мақоми "раиси иҷроии" Покистон идораи умури кишварро ба муддати се сол дар даст гирифт.

Дар соли 2002 женерол Мушарраф ба ҳукми Девони олии Покистон, интихоботи порлумониро дар ин кишвар баргузор кард ва тарафдорони ӯ тавонистанд аксарияти қобили таваҷҷуҳеро дар порлумонҳои федерол ва иёлатӣ ба даст оваранд.

Image caption Яке аз иттиҳомоти раиси ҷумҳурии собиқи Покистон иртибот бо терури Беназир Буту аст

Оқои Мушарраф то соли 2008 мақоми раёсати ҷумҳуриро дар даст дошт, ҳарчанд кӯтоҳмуддате пеш аз канорагирӣ аз ин мақом аз симати низомии худ истеъфо дод.

Парвиз Мушарраф кӯтоҳмуддате пас аз канорагирӣ аз қудрат Покистонро тарк кард ва дар ин замон дар дохили Покистон парвандаҳое дар иртибот бо тахаллуфоти ӯ дар замони тасаддии симати раиси ҷумҳурӣ ташкил шуд.

Вай рӯзи 24 март ба Покистон бозгашт ва эълом кард, ки дар назар дорад фаъъолияти сиёсии худро дар дохили кишвар аз сар бигирад, дар ҳоле ки гурӯҳи Толибони покистонӣ ӯро ба марг таҳдид карда буд.

Парвиз Мушараф дар соли 2010 ва ҳангоме ки дар хориҷ ба сар мебурд, ҳизби мМслим лиги саросарии Покистонро ташкил дод.

Оқои Мушарраф пас аз бозгашт ба Покистон дар садади сабти ном ҷиҳати номзадӣ дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи оянда баромад, ки бо эътирози соири аҳзоб мувоҷеҳ шуд.

Муътаризон ба ширкати Парвиз Мушарраф дар интихоботи порлумонӣ тавонистаанд бо истинод ба ҷараён доштани парвандаҳои қазоӣ алайҳи раиси ҷумҳурии собиқ ва муттаҳам кардани ӯ ба нақзи Қонуни асосӣ ва хиёнат ба кишвар, бо касби ҳукми қазоӣ монеъ аз вуруди ӯ ба муборизоти интихоботӣ шаванд.

Матолиби муртабит