Парвиз Мушарраф аз номзадӣ дар интихоботи порлумонии Покистон маҳрум шуд

  • 16 Апрел, 2013
Парвиз Мушарраф
Image caption Мушарраф аз ҳаққи ширкат дар муборизоти интихоботи порлумонии Покистон маҳрум шудааст

Раиси ҷумҳурии собиқи Покистон иҷозаи рақобат дар муборизоти интихоботи порлумонии ин кишварро надорад.

Рӯзи сешанбеи 27 фарвардин (16 апрел) сухангӯи Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқ ва раҳбари ҳизби Муслим Лиги саросарии Покистон эълом кард, ки бар асоси ҳукми додгоҳ оқои Мушарраф аз ҳаққи номзадӣ дар интихоботи порлумонии ҳавзаи интихобияи Читрол дар шимоли ғарби Покистон ҳам маҳрум шудааст.

Сухангӯи оқои Мушарраф гуфтааст, ки бо муроҷаъа ба девони олии Покистон алайҳи ин раъй дархости таҷдиди назар хоҳад кард.

Пештар оқои Мушарраф дархости номзадии намояндагии порлумони федерол дар интихоботи моҳи майро ба мароҷеъи сабти ном дар чаҳор ҳавзаи интихоботӣ таслим карда буд, ки бо эътирози соири номзадҳои интихоботӣ дар ин ҳавзаҳо мувоҷеҳ шуд.

Онон Парвиз Мушаррафро ба нақзи қонуни асосӣ ва иқдоми ғайриқонунӣ дар ихроҷи қуззоти Девони олӣ муттаҳам карданд ва хостори ҷилавгирӣ аз номзадии ӯ дар интихобот шуданд.

Дар рӯзҳои гузашта мароҷеъи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ дар се ҳавза Парвиз Мушаррафро фоқиди салоҳияти намояндагии порлумон ташхис доданд ва аз ҳаққи номзадӣ дар интихобот маҳрум карданд.

Бо ин ҳама иҷозаи ҳузур дар рақобатҳои интихоботии ҳавзаи интихобияи дуруфтодаи Читролро ёфта буд, ки бо раъйи рӯзи сашанбе ин фурсат низ аз ӯ салб шудааст.

Дар октябри соли 1999 женерол Парвиз Мушарраф, раиси ситоди нерӯи заминии артиши Покистон Навоз Шариф, нахуствазири вақтро сарнагун кард ва худ бо ҳифзи симати низомӣ дар мақоми "раиси иҷроии" Покистон идораи умури иҷроии ин кишварро ба муддати се сол дар даст гирифт.

Дар соли 2002 женерол Мушарраф ба ҳукми Девони олии Покистон интихоботи порлумониро дар ин кишвар баргузор кард ва тарафдорони ӯ тавонистанд аксарияти қобили таваҷҷуҳеро дар порлумонҳои федерол ва иёлотӣ ба даст оваранд.

Тибқи қонуни асосии Покистон порлумони ин кишвар женерол Мушаррафро ба раёсати ҷумҳурӣ баргузид ва ӯ то соли 2008 ин симатро дар ихтиёр дошт, ҳарчанд кутоҳ муддате пеш аз канорагирӣ аз ин мақом аз симати низомии худ истеъфо дода буд.

Парвиз Мушарраф пас аз канорагирӣ аз қудрат Покистонро тарк кард, дар ҳоле ки дар дохили Покистон бо иттиҳомоти сиёсӣ аз ҷумла нақзи қонуни асосӣ ва ихроҷи қуззоти девони олӣ мувоҷеҳ буд.

Вай моҳи мелодии гузашта ба Покистон бозгашт ва эълом кард, ки дар назар дорад фаъъолиятҳои сиёсии худро дар дохили ин кишвар аз сар бигирад, дар ҳоле ки гурӯҳи Толибони покистонӣ ӯро ба марг таҳдид карда буд.

Парвиз Мушарраф дар соли 2010 ва ҳангоме ки дар хориҷ ба сар мебурд ҳизби Муслим Лиги саросарии Покистонро ташкил дод.

Матолиби муртабит