Номзади интихоботи порлумонии Покистон терур шуд

Яке аз номзадҳои интихоботи порлумонии Покистон терур шудааст.
Рӯзи панҷшанбеи 22 фарвардин (11 апрел) ҳизби Наҳзати Муттаҳидаи Қавмӣ (MQM) эълом кард, ки Фахрулислом, аз раҳбарони шохаи маҳаллии ҳизб дар шаҳри Ҳайдаробод, дар ҷануби Покистон ба зарби гулӯлаи чанд фарди мусаллаҳ ба қатл расидааст.
Фахрурислом номзади ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ буд ва ба назар мерасад муҳоҷимони мусаллаҳ, ки бар мутурсайклет савор буданд, мушаххасан бо ҳадафи терури ӯ амалиёти худро иҷро карданд.
Ҳизби Наҳзати Муттаҳидаи Қавмӣ аз аҳзоби секулор ва озодихоҳи Покистон аст ва дар давлати эътилофии ин кишвар узвият дорад.
Ахиран гурӯҳи Толибони покистонӣ эълом кард, ки аъзои ин ҳизб ва соири ташкилоти секулори Покистон “ҳадафҳои машруъ” барои ҳамалоти ин гурӯҳи исломгаро ҳастанд.
Бурузи хушунат дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ дар Покистон ғайриоддӣ нест ва Фахрулислом, номзади чиҳилушашсолаи Наҳзати Муттаҳидаи Қавмӣ, нахустин фарде аст, ки дар ҷараёни муборизоти ҷории интихоботӣ ҷони худро аз даст медиҳад.
Раъйгирӣ дар интихоботи порлумони федерол ва порлумонҳои иёлатии Покистон барои рӯзи 11 моҳи май барномарезӣ шуда ва терури Фахрулислом, ки номзади намояндагии порлумони иёлати Синд буд, ба нигаронӣ дар мавриди ташдиди хушунат дар ҷараёни интихобот доман задааст.
Ҳайдаробод пас аз Карочӣ дувумин шаҳри бузурги иёлати Синд аст.
Ҳизби Наҳзати Муттаҳидаи Қавмӣ гуфтааст, ки ҳадафи муҳоҷимон барҳам задани назму оромиш ва ихлол дар ҷараёни озоди раъйгирӣ дар интихобот будааст.
Дар пайи терури Фахрулислом нахуствазири Покистон дастур дод, то иқдомоти амниятии густардатаре барои ҳифозат аз номзадҳои интихоботӣ ба амал ояд.
