Писари нахуствазири пешини Покистон рабуда шуд
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири пешини Покистон гуфтааст, писари ӯ дар ҷараёни пайкори интихоботӣ тавассути афроди ношинос рабуда шудааст. Оқои Гелонӣ гуфтааст афроди рабоянда мусаллаҳ будаанд..
Нахуствазири пешини Покистон ба Бибисӣ гуфт, Алӣ Ҳайдар, писари ӯ, ки номзади интихоботӣ аз ҳизби Мардум аст, дар маркази шаҳри Мултон рабуда шудааст.
Оқои Гелонӣ муътақид аст, ки дар пушти сари ин иқдом рақибони ӯ қарор доранд.
Гузориш шудааст, ки дар ҷараёни мулоқоти Алӣ Ҳайдар Гелонӣ бо ҳаводоронаш тирандозӣ сурат гирифтааст ва як нафар кушта шудааст.
Қарор аст рӯзи шанбе дар Покистон интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.
