Додситони парвандаи терури Беназир Буту дар пойтахти Покистон терур шуд

Додситони парвандаи терури Беназир Буту, нахуствазири пешини Покистон, терур шудааст.
Рӯзи ҷумъаи 3 май пулиси Покистон эълом кард, ки Чаудрӣ Зулфиқор Алӣ, додситони парвандаи расидагӣ ба терури Беназир Буту, нахуствазири пешин ва раҳбари собиқи Ҳизби мардуми Покистон, ҳангоми азимат ба додгоҳи мубориза бо терурисм дар Исломобод, пойтахт, ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва кушта шуд.
Ин ҳодиса дар масофати кӯтоҳе аз хонаи Чаудрӣ Зулфиқор дар яке аз маҳаллаҳои пуррафту омади пойтахт рӯй дод ва муҳоҷимони мусаллаҳи мутурсавор бо бастани роҳ ба рӯйи утумубили ӯ онро ба гулӯла бастанд ва сипас аз маҳал гурехтанд.
Додситони покистонӣ худ ронандагии утумубилро бар уҳда дошт ва як мақоми пулиси маҳаллӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки дар ин ҳодиса муҳофизи Чаудрӣ Зулфиқор дар асари исобати гулӯла захмӣ шуд ва як зани обир низ ба далели бархӯрди утумубил бо ӯ, ҷони худро аз даст дод.
Пас аз вуқӯъи тирандозӣ маъмурони пулис дар маҳал ҳозир шуданд ва Чаудрӣ Зулфиқор Алиро, ки башиддат захмӣ шуда буд, ба бемористон интиқол доданд, аммо пизишкон эълом карданд, ки ӯ даргузаштааст.
Тасовири телевизиюнӣ аз маҳалли ҳодиса утумубили Чаудрӣ Зулфиқорро нишон дода, ки шишаҳои он дар асари исобати гулӯла хурд шуда ва осори гулӯла дар баданаи утумубил ҳам ба чашм мехӯрад.
Ин ҳамла замоне рух дод, ки додситони парвандаи терури Беназир Буту барои ширкат дар ҷаласаи додгоҳи мубориза бо терурисм озими Ровалпиндӣ, дар муҷовирати Исломобод буд.
Дар соли 2007 мелодӣ хонуми Буту пас аз бозгашт ба Покистон ва дар ҷараёни муборизоти интихоботи порлумонӣ дар асари инфиҷори бумб ба қатл расид.
Чанд рӯз пеш Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи Покистон, ки дар иртибот бо парвандаи терури Беназир Буту таҳти пайгард аст, то замони баргузории ҷаласаи додгоҳи расидагии ин парванда ба муддати ду ҳафта таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифт.
Чаудрӣ Зулфиқор Алӣ ҳамчунин масъули пайгирии парвандаи касоне буда, ки дар иртибот бо амалиёти мусаллаҳонаи соли 2009 дар шаҳри Бамбаии (Мумбой) Ҳинд дар Покистон боздошт шудаанд.
Дар ин амалиёт 166 нафар кушта шуданд ва давлати Ҳинд ин ҳамларо ба гурӯҳи исломгарои мавсум ба Лашкари Тайиба нисбат дод ва "бархе аносир" дар ташкилоти амниятӣ ва низомӣ Покистонро ба иртибот бо ин гурӯҳ муттаҳам кард.
Мақомоти покистонӣ ҳафт нафарро дар иртибот бо иттиҳомоти давлати Ҳинд боздошт карданд ва Чаудрӣ Зулфиқор маъмури дарёфти иттилоъоти бештар ва такмили ин парванда буд.
Пеш аз ин бархе гурӯҳҳои тундрав Чаудрӣ Зулфиқор Алиро ба марг таҳдид карда буданд ва ба ҳамин далел ҳам барои ӯ муҳофизе таъйин шуда буданд.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти терури Чаудрӣ Зулфиқор Алиро бар уҳда нагирифтааст.
Мақомоти покистонӣ гурӯҳҳои исломгароро масъули терури хонуми Буту донистаанд.
