Чаҳор кушта ва ду захмӣ дар инфиҷори ду бумб дар Покистон

Ду корвони низомӣ дар иёлати Вазиристони Шимолӣ ҳадафи инфиҷори ду бумби канориҷодаӣ қарор гирифтанд, ки боъиси кушта шудани чаҳор сарбоз ва захмӣ шудани ду нафари дигар шуд. Дар ҳодисаи дигар дар шаҳри Карочӣ дар Ҷануби Покистон мутурсаворони мусаллаҳ ба як худрави пулис ҳамла карданд ва ду афсари пулисро куштанд.
Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ имрӯз (якшанбеи 19 хурдод, 9 июн) як корвони низомии муташаккил аз сиву панҷ худрав, ки аз Розмак озими шаҳри Бону буд, ҳадафи инфиҷори бумби канориҷодаӣ қарор гирифт. Ин инфиҷор се сарбозро кушт ва якеро захмӣ кард.
Инфиҷори дувум ҳам имрӯз дар наздикии як исти бозрасӣ дар Мироншоҳ дар ҳамин иёлат иттифоқ уфтод, ки боз ҳам як корвони низомӣ ҳадаф қарор гирифт. Ин инфиҷор ду сарбозро захмӣ кард.
Вазиристони Шимолӣ, маҳали сукунати қабоили Покистон ва иёлати нимахудмухтор дар шимоли ғарбии Покистон аст. Давлати Покистон солҳо аст, ки бо шибҳнизомиёни мусаллаҳи ин қабоил даргир аст ва нерӯҳои амниятии ин кишвар бо шибҳнизомиёни вобаста ба Алқоъида ва Толибон доим дар задухӯрд ҳастанд.
Омрико ҳам бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин иёлат амалиёт анҷом медиҳад.
Охирин бор даҳ рӯз пеш дар ҳамла ба хонаҳо дар ин иёлат Волиурраҳмон, нафари дувуми Толибони Покистон ба ҳамроҳи панҷ нафари дигар кушта шуданд.
Омрико давлати Покистонро муттаҳам мекунад барои маҳори шибҳинизомиёни қабоил талоши кофӣ намекунад ва ин шӯришиён ба роҳатӣ аз марзи Афғонистон убур ва дар кишвари ҳамсоя бесуботӣ ва ноамнӣ эҷод мекунанд.
Артиши Покистон батозагӣ чанд амалиёт дар марзи Афғонистон иҷро карда, аммо бо ин ки Омрико аз Покистон хоста то амалиёти поксозии васеъе дар иёлати Вазиристони Шимолӣ анҷом диҳад, Покистон чунин иқдоме накардааст.
Аммо дар ҷануби ғарбии кишвар ва дар бандари Карочӣ имрӯз чаҳор мутурсавори мусаллаҳ понздаҳ бор ба як худрави пулис шиллик карданд.
Ба гуфтаи Усмон Боҷуҳ, яке аз мақомоти аршади пулис дар ин ҳамла ду афсари пулис кушта ва як нафар захмӣ шудааст.
Оқои Боҷуҳ гуфт ин ҳамла дар маркази иқтисодии шаҳр рух додааст.
Дирӯз дар ҳамин минтақа аз Карочӣ мутурсаворони мусаллаҳ ба шакле мушобеҳ ду фаъъоли сиёсиро куштанд.
Оқои Боҷуҳ муътақид аст ин амалиёт бо ҳадафи бесубот кардани Карочӣ анҷом мешавад.
Карочӣ бо беш аз 23 миллиюни сакана пурҷамъияттарин шаҳр, муҳимтарин бандар ва маркази иқтисодии Покистон аст.
Ин шаҳр доиман шоҳиди хушунатҳои маргборе аст, ки ҳосили даргириҳои сиёсӣ, қавмӣ, фирқаӣ ва мазҳабӣ аст ё ба иллати фаъъолияти гурӯҳҳо ва бондҳои табаҳкор.
