Ҳуқуқдони шиъаи покистонӣ ва ду фарзандаш қурбонии "хушунати фирқаӣ" шуданд

Дар идомаи даргириҳои фирқаӣ дар Покистон як ҳуқуқдони покистонӣ ва ду писараш ба зарби гулӯлаи афроди ношинос кушта шудаанд.
Рӯзи сешанбе, 7 хурдод (28 май), пулиси шаҳри Карочӣ, маркази иёлати Синди Покистон , эълом кард, ки дар ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ Кавсар Сақлайн Аббос, вакили додгоҳи олии иёлатӣ ҳамроҳ бо ду писари давоздаҳсола ва чаҳордаҳсолааш ба қатл расиданд.
Кавсар Сақлайн шиъа буд ва ба гуфтаи раиси пулиси Карочӣ ба назар мерасад, ки ҳамлаи рӯзи сешанбе ангезаи фирқаӣ доштааст.
Ин ҳамла ҳангоме рӯй дод, ки ин ҳуқуқдони покистонӣ фарзандонашро ба мадраса мебурд ва муҳоҷимони мусаллаҳ, ки савори мутурсойклат буданд ба утумубили ӯ наздик шуданд ва сарнишинони онро ба гулӯла бастанд.
Дар натиҷаи ин тирандозӣ ду писари Кавсар Сақлайн дар маҳал кушта шуданд ва худи ӯ ҳам, ки ба шиддат захмӣ шуда буд, пас аз интиқол ба бемористон даргузашт.
Лашкари Тайиба, як гурӯҳи ғайриқонунӣ аз исломгароёни тундрав масъулияти қатли ин ҳуқуқдонро бар уҳда гирифтааст.
Ҳуқуқдонони иёлати Синд дар эътироз ба террури ҳамкори худ ва ба манзури сӯгворӣ дар рӯзи сешанбе даст аз кор кашиданд.
Шаҳри Карочӣ бо ҳаждаҳ миллиюн ҷамъият аз марокизи аслии тиҷоратӣ ва санъатии Покистон аст, аммо дар чанд даҳаи ахир шоҳиди шиддат гирифтани хушунатҳои фирқаӣ ва сиёсӣ будааст.
Шиъиёни Покистон ҳудуди 20 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд ва дар чанд даҳаи ахир гурӯҳҳои тундрави суннӣ ва шиъа муртакиби иқдомоти хушунатомез алайҳи якдигар шудаанд.
Бархе манобеъи покистонӣ гуфтаанд, ки ин гуруҳҳо бо кишварҳои рақиби хориҷӣ иртибот доранд ва аз суи онҳо ҳимоят мешаванд.
Ба хусус дар чанд моҳи гузашта ҳамла ба шиъиён шиддат гирифта ва дар моҳи март инфиҷори як утумубили бумбгузоришуда дар маҳаллаи шиъиёни Карочӣ панҷоҳ нафарро кушт.
Маҷлиси ваҳдати муслимин, ки як ҳизби сиёсии шиъиёни Покистон аст, гуфтааст, ки тайи шаш моҳи гузашта чанд сад тан аз шиъиён аз ҷумла теъдоде аз ҳуқуқдонони шиъа дар амалиёти таҳоҷумӣ ба қатл расидаанд.
