Қатли як мақоми сиёсӣ дар Покистон

  • 19 Май, 2013

Заҳро Шаҳид Ҳусайн, муъовини аввали ҳизби Имрон Хон дар шаҳри Карочии Покистон бо зарби гулӯла ба қатл расидааст.

Вай муқобили хонааш мавриди ҳадаф қарор гирифта ва алорағми талошҳои пизишкон дар бемористон ҷон додааст.

Қатли хонум Ҳусайн дар ҳоле рӯй медиҳад, ки қарор аст фардо натиҷаи бозбинии ороъи интихоботи ҳафтаи пеш эълом шавад.

Ҳанӯз мушаххас нест ки чаро ин мақоми сиёсӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Имрон Хон, бозикуни собиқи крикет, ки дар интихоботи ахир яке аз номзадҳои қавӣ ба шумор мерафт, Ҳизби Муттаҳиди Қавмиро, ки дар шаҳри Карочӣ қудрат дорад масъули ин ҳамла донистааст.

Ин ҳизб ин иддаъоро рад кардааст.

Як рӯзнома дар Покистон гузориш кардааст, ки тирандозӣ ба хонуми Ҳусайн дар ҳини дуздӣ ба маҳалли зиндагии ӯ сурат гирифтааст.

Аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд ин ки вай ду бор дар сар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтааст, гумоназаниҳоро дар мавриди ҳадафманд будани ҳамла ба вай боло мебарад.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон ин ҳамларо ба шиддат маҳкум карда ва онро "ҳодисаи дарднок" тавсиф кардааст.

Баъд аз ин ки ҳизби Имронхон Ҳизби Муттаҳиди Қавмиро муттаҳам ба тақаллуб дар интихобот кард, дастур барои бознигарии ороъ содир шуд.

Ҳизби Муттаҳиди Қавмӣ, ки бештарини курсиҳоро дар Карочӣ аз он худи карда, иттиҳомҳои тақаллубро рад кардааст.

Карочӣ шоҳиди хушунатҳои зиёде аст, ки ағлаби онҳо далели сиёсӣ доранд.

Матолиби муртабит