Як фармондеҳи Толибон дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ кушта шуд

  • 29 Май, 2013
Image caption Ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ бо мухолифати шадид дар дохили Покистон мувоҷеҳ будааст

Як фармондеҳи маҳаллии толибони Покистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ кушта шудааст.

Манобеъи иттилоъотии Покистон рӯзи чаҳоршанбе, 8 хурдод (29 май) гузориш карданд, ки дар соъоти аввалияи бомдод ба вақти маҳаллӣ як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишин хонаеро дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар шимоли ғарби он кишвар ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷаи он дастикам шаш нафар кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш яке аз кушташудагон Насируддин, аз фармондеҳони Толибон дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ ва сойири куштаҳо ва захмиҳои ин ҳамла ҳам аз шибҳнизомиёни Толибон будаанд.

Ҳанӯз манобеъи Толибон дар мавриди ин гузориш изҳори назаре накардаанд.

Ҳамлаи ахир як ҳафта пас аз он гузориш мешавад, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико , дастурулъамали ҷадидеро барои амнияти бештари амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҳадафгирии ин амалиёт содир кард.

Тибқи ин дастурулъамал амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин танҳо дар сурате муҷоз аст, ки натиҷаи он муқобала бо таҳдидҳои амниятӣ алайҳи Омрико буда ва пешбинии лозим барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён низ сурат гирифта бошад.

Image caption Ҳамлаи ахир дар паии дастурулъамали ҷадиди раиси ҷумҳурии Омрико анҷом гирифтааст

Амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ алайҳи ҳадафҳо дар дохили хоки Покистон яке аз мавзӯъоти баҳсбарангез дар ҷараёни рақобатҳои интихоботи порлумонии ахири Покистон будааст ва вазорати хориҷаи он кишвар бо судури иттилоъе ҳамлаи ахирро таҷовуз ба ҳокимияти миллии Покистон тавсиф ва онро маҳкум кардааст.

Ҳамлаи ахир ҳамчунин дар шароите рӯй дода, ки Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Муслим лиг бо касби бештарин шумори курсиҳо дар порлумони федероли Покистон маъмури ташкили кобинаи ҷадиди ин кишвар шудааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд, ки амалиёти рӯз чаҳоршанбе метавонад паёме аз суи Амрико барои давлати ҷадиди Покистон бошад, ҳокӣ аз он ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба ин гунаи ҳамалот идома медиҳад, магар ин ки давлати Покистони марокизи таҷаммуъи гурӯҳҳои исломгарои тундравро аз миён бубарад.

Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Афғонистон муътиқиданд, ки шӯришиёни Толибон бо бархурдорӣ аз маҳалҳои амн дар дохили хоки Покистон амалиёти худ дар Афғонистонро созмондиҳӣ мекунанд ва нерӯҳои амниятии Покистон низ иқдоми муассире алайҳи онон сурат намедиҳанд.

Матолиби муртабит