Навоз Шариф: Парвиз Мушарраф бояд ба иттиҳоми хиёнат муҳокима шавад

  • 24 Июн, 2013
Парвиз Мушарраф
Image caption Оқои Мушарраф дар муқобил иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи худро бо ангезаи сиёсӣ донистааст

Навоз Шариф, нахуствазири ҷадиди Покистон гуфтааст, ки Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар бояд ба иттиҳоми хиёнат муҳокима шавад.

Оқои Мушарраф, ки дар авоили соли ҷории мелодӣ аз табъиди худхоста ба кишвар бозгашт, дар ҳоли ҳозир дар боздошти хонагӣ қарор дорад.

Оқои Шариф дар ҷараёни суханронӣ дар порлумони Покистон гуфт: "Парвиз Мушарраф бояд ба далели иртикоби ҷароиме, аз ҷумла барқарории ҳолати фавқулъодда дар кишвар ва ихроҷи қуззот дар соли 2007 мелодӣ дар додгоҳ ҳозир шавад."

Нахуствазири ҷадиди Покистон афзуд: "Мушарраф ду бор қонуни асосиро нақз кардааст. Ӯ дар соли 1999 бо сарнагунии давлати мунтахаб дар кишвар ҳарҷу марҷ эҷод кард. Ӯ ҳамчунин қуззотро аз кор барканор кард ва ба зиндон андохт."

Оқои Мушарраф дар вокуниш иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи худро сиёсӣ хондааст.

Дар октябри соли 1999 женерол Парвиз Мушарраф, раиси вақти ситоди нерӯҳои заминии артиши Покистон Навоз Шариф, нахуствазири вақтро барканор кард ва худ бо ҳифзи симати низомӣ дар мақоми "раиси иҷроии" Покистон идораи умури кишварро дар даст гирифт.

Ӯ пас аз канорагирӣ аз қудрат Покистонро тарк кард ва аз он замон дар дохили Покистон парвандаҳо дар иртибот бо тахаллуфоти ӯ дар замони тасаддии симати раёсати ҷумҳурӣ шакл гирифт.

Матолиби муртабит