Парвизи Мушарраф дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт

  • 19 Апрел, 2013
Image caption Ҳукми додгоҳ дар мухолифат бо дархости тамдиди озодии муваққати Парвиз Мушарраф ва боздошти фаврии ӯ дар рӯзи ҷумъа иҷро шуд

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи Покистон таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифтааст.

Рӯзи ҷумъаи 19 апрел, қозии додгоҳе дар Исломобод, пойтахти Покистон, дастур дод женероли бознишаста Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар то замони ҳузур дар баробари додгоҳи вижаи расидагӣ дар хонаи худ таҳти назари маъмурони пулис қарор гирад.

Муддати боздошти хонагии оқои Мушарраф ду рӯз то замони ҳузури ӯ дар баробари додгоҳи вижаи расидагӣ ба парвандаҳои теруристӣ аст.

Дар соъоти шаби гузашта маъмурони пулис бо муроҷиъа ба хонаи женерол Парвиз Мушараф воқеъ дар Исломобод, пойтахт, ӯро боздошт ва ба додгоҳе дар пойтахт мунтақил карданд

Тасовири телевизиюнӣ раиси ҷумҳурии собиқро ҳамроҳ бо маъмурони унифурмпӯш нишон медиҳад, ки вориди муҳавватаи додгоҳ мешаванд.

Боздошти Парвиз Мушарраф дар пайи раъйи рӯзи панҷшанбеи додгоҳе дар Исломобод сурат мегирад, ки зимни мухолифат бо дархости оқои Мушарраф барои тамдиди озодӣ ба қайди васиқа ҳукми боздошти фаврии ӯро содир кард.

Билофосила пас аз судури ин ҳукм, маъмурони муҳофизи оқои Мушарраф ӯро аз додгоҳ хориҷ карданд ва ба гуфтаи маногбеъи хабарӣ, бо як худрави зиддигулӯла аз маҳал бурданд.

Гузоришҳои хабарии рӯзи гузашта ҳокӣ аз он буд, ки Парвиз Мушараф ба хонаи худ дар ҳумаи Исломобод мунтақил шуда, ки башиддат аз он муҳофизат мешавад. Дар сурате ҳам, ки ин гузоришҳо дуруст бошанд, аз муқовимати муҳофизони оқои Мушарраф дар баробари иҷрои ҳукми боздошт гузорише мухобира нашудааст.

Раъйи додгоҳи Исломобод марбут ба парванда алайҳи оқои Мушарраф аст, ки дар он раиси ҷумҳурии собиқ ба далели судури дастури ихроҷи гурӯҳе аз қуззот дар соли 2007, яъне дар замони тасаддии симати раиси ҷумҳурӣ ва раиси ситоди нерӯи заминӣ, ба иртикоби амали муғойири қонун ва хиёнат ба Қонуни асосӣ муттаҳам шудааст.

Мухолифати рӯзи гузаштаи додгоҳ бо дархости оқои Мушарраф барои тамдиди давраи озодӣ ба қайди васиқа бо ибрози таъаҷҷуби вакилони мудофеъ ва тарафдорони ӯ мувоҷеҳ шуд, ки гуфтанд далеле ҳуқуқӣ барои ин мухолифат вуҷуд надоштааст.

Image caption Рӯзи гузашта муҳофизони Мушарраф пас аз судури ҳукми додгоҳи Исломобод ӯро аз додгоҳ хориҷ карданд

Сухангӯйи ҳизби Муслим лиги саросарии Покистон гуфтааст, ки Парвизи Мушарраф ва вакилони ӯ итминон доштанд, ки додгоҳи Исломобод ҳам бо дархости тамдиди давраи озодии муваққати оқои Мушарраф мувофиқат хоҳад кард ва раъйи қозӣ барои боздошти раҳбари ҳизб барои онон ғайричашмдошт будааст.

Рӯзи гузашта додгоҳи дигаре дар шаҳри Ровалпендӣ бо дархости оқои Мушарраф барои тамдиди озодӣ то рӯзи 24 апрели ӯ дар баробари супурдани васиқаи молӣ мувофиқат карда буд.

Ҳукми додгоҳи Ровалпендӣ ба парвандаи иттиҳомӣ алайҳи женероли бознишаста Парвизи Мушарраф дар иртибот бо терури Беназир Буту, нахуствазири собиқ ва раҳбари ҳизби "Мардуми Покистон" дар соли 2007 иртибот доштааст.

Раиси ҷумҳури собиқи Покистон бо як парвандаи иттиҳомии дигар низ мувоҷеҳ аст, ки ба қатли яке аз раҳбарони миллигарои балуч дар соли 2006 марбут мешавад.

Раҳбарии Покистон

Image caption Парвиз Мушараф дар хонаи худ дар ҳумаи Исломобод боздошт шудааст

Дар октябри соли 1999 женерол Парвиз Мушарраф, раиси вақти ситоди нерӯи заминии артиши Покистон, Навоз Шариф, нахуствазири вақтро барканор кард ва худ бо ҳифзи симати низомӣ, дар мақоми "раиси иҷроии" Покистон идораи умури кишварро ба муддати се сол дар даст гирифт.

Дар соли 2002 женерол Мушарраф ба ҳукми Девони олии Покистон, интихоботи порлумониро дар ин кишвар баргузор кард ва тарафдорони ӯ тавонистанд аксарияти қобили таваҷҷуҳеро дар порлумонҳои федерол ва иёлатӣ ба даст оваранд.

Тибқи Қонуни асосии Покистон, раиси ҷумҳурӣ тавассути маҷмаъи интихоботии муташаккил аз намояндагони сено ва маҷмаъи молии федерол ва маҷолиси иёлатӣ интихоб мешавад. Маҷмаъи интихоботӣ дар соли 2002, Парвизи Мушаррафро ба раёсати ҷумҳурӣ баргузид дар ҳоле ки ӯ симати низомии худро низ ҳифз карда буд.

Оқои Мушарраф то соли 2008 мақоми раёсати ҷумҳуриро дар даст дошт, ҳарчанд кӯтоҳмуддате пеш аз канорагирӣ аз ин мақом аз симати низомии худ истеъфо дод.

Парвиз Мушарраф кӯтоҳмуддате пас аз канорагирӣ аз қудрат Покистонро тарк кард ва дар ин замон дар дохили Покистон парвандаҳое дар иртибот бо тахаллуфоти ӯ дар замони тасаддии симати раиси ҷумҳурӣ ташкил шуд.

Image caption Яке аз иттиҳомоти раиси ҷумҳурии собиқи Покистон иртибот бо терури Беназир Буту аст

Вай рӯзи 24 март ба Покистон бозгашт ва эълом кард, ки дар назар дорад фаъъолияти сиёсии худро дар дохили кишвар аз сар бигирад, дар ҳоле ки гурӯҳи Толибони покистонӣ ӯро ба марг таҳдид карда буд.

Парвиз Мушараф дар соли 2010 ва ҳангоме ки дар хориҷ ба сар мебурд, ҳизби Муслим лиги саросарии Покистонро ташкил дод.

Оқои Мушарраф пас аз бозгашт ба Покистон дар садади сабти ном ҷиҳати номзадӣ дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи оянда баромад, ки бо эътирози соири аҳзоб мувоҷеҳ шуд.

Муътаризон ба ширкати Парвиз Мушарраф дар интихоботи порлумонӣ тавонистаанд бо истинод ба ҷараён доштани парвандаҳои қазоӣ алайҳи раиси ҷумҳурии собиқ ва муттаҳам кардани ӯ ба нақзи Қонуни асосӣ ва хиёнат ба кишвар, бо касби ҳукми қазоӣ монеъ аз вуруди ӯ ба муборизоти интихоботӣ шаванд.

Дар муқобил, тарафдорони оқои Мушарраф, ки аз мухолифони давлати кунунии Покистон ба раҳбарии Ҳизби мардум ҳастанд, кӯшидаанд бо баргузории таҷаммуъҳои мухталиф зимни ибрози ҳимояте аз раиси ҷумҳурии собиқ имкони вуруди ӯ ба порлумон ва фаъъолияти сиёсиро фароҳам оваранд.

Матолиби муртабит