"Садҳо тан аз нафароти Толибон" ба Ҳилманд ҳамла карданд
Садҳо тан аз нафароти гурӯҳи Толибон ба марокизи низомӣ дар ҷануби вилояти Ҳилманд ҳамла карда ва бо нерӯҳои давлатӣ даргир шудаанд.
Бар асоси гузоришҳои расида, даргирӣ дар чаҳор вулусволии ин вилоят ҳамчунон идома дорад.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳудуди дувист хонаводаи сокини минтақаи даргирӣ, бахусус вулусволии Навзод, хонаҳои худро тарк карда ва бисёре аз онон бо пойи пиёда озими манотиқи амнтар шудаанд.
Шуморе аз беҷошудагон ба Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд ворид шудаанд ва ҳузури онон камбуди маводди ғизоиро дар пай доштааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар минтақа мегӯяд, ки давлати Афғонистон нерӯҳои тозанафасро барои муқобила бо ин ҳамла ба минтақа эъзом кардааст.
Вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон аз манотиқи нисбатан ноамн маҳсуб мешавад ва шибҳнизомиёни Толибон дар бахшҳое аз ин вилоят фаъъоланд.
