Ҳузури нерӯҳои бритониёӣ дар Ҳилманд ба як пойгоҳ маҳдуд шуд
Image copyrightGETTY IMAGESНерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон эълом кардаанд, ки ба ҷуз пойгоҳи аслӣ бақияи пойгоҳҳои худро баста ё ба нерӯҳои афғон вогузор кардаанд.
Ин нерӯҳо то поёни соли ҷории мелодӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
Низомиёни бритониёӣ гуфтаанд, ки се пойгоҳи худро ахиран баста ва таҷҳизоти пойгоҳҳои басташударо ба пойгоҳи аслии худ мавсум ба "Камп Бастион" дар вилояти Ҳилманд мунтақил кардаанд.
Бо бозгашти сарбозони мустақар дар Камп Бастион ба Бритониё ин пойгоҳ ҳам ба мурури замон кучактар хоҳад шуд.
Дар авҷи шиддати ҷанги Афғонистон ҳудуди даҳ ҳазор сарбози бритониёӣ дар беш аз сад пойгоҳ дар саросари вилояти Ҳилманд мустақар буданд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳудуди чаҳор ҳазор сарбоз дар ин вилоят боқӣ мондааст.
Ҳилманд яке аз оромтарин вилоятҳои Афғонистон дар як даҳаи гузашта будааст. Ба ҳамин далел ҳазорон сарбози бритониёӣ ва омрикоӣ дар ин вилоят мустақар буданд.
Хуруҷи сарбозони байналмилалӣ аз Афғонистон ва бавижа вилояти Ҳилманд нигарониҳоро дар мавриди бадтар шудани вазъияти амниятӣ дар Ҳилманд ва ҷануби Афғонистон афзоиш додааст.
Дар остонаи баргузории сеюмин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин нигаронӣ бештар шудааст.
Як масъули маҳаллии кумиссиюни интихобот дар вилояти Ҳилманд ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар рӯзи баргузории интихоботи шонздаҳуми моҳи ҳамал/фарвардини 1393 (5 апрели 2014) танҳо 147 марказ аз 219 маркази раъйгирӣ дар ин вилоят боз хоҳанд буд.
Маҷмуъи марокизи раъйгирӣ дар саросари Афғонистон дар ин интихобот ба 6775 марказ мерасад, ки аз он ҷумла 396 марказ ба далели таҳдидоти амниятӣ баста хоҳанд монд.
Гурӯҳи Толибон таҳдид кардааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятиро мухтал хоҳад кард.
Аммо мақомҳои амниятии Афғонистон таъкид кардаанд, ки ин таҳдиди Толибон танҳо як таблиғ аст.
Мақомоти амниятии афғон ҳамчунин мегӯянд барчидани пойгоҳҳои нерӯҳои бритониёӣ аз вилояти Ҳилманд таъсире бар вазъияти амниятӣ надорад. Зеро ба гуфтаи ин мақомот раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ комил шуда ва дар ҳоли ҳозир низ таъмини амният ва мубориза бо шӯришиён ба ӯҳдаи нерӯҳои афғон аст.
