Ҳикматёр аз ҳаводоронаш хост дар интихобот ширкат кунанд

Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбидин Ҳикматёр дар як мавзеъгирии бесобиқа аз аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб хостааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии соли 2014 дар Афғонистон ширкат кунанд.
Ғайрат Баҳир, сухангӯи ин ҳизб дар тамосе телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт: "Ба ҳамаи мансубин ва мутаъаҳҳидини Ҳизби исломӣ ҳидоят (дастур) дода шуда, ки дар интихоботи оянда нақши боризе дошта бошанд."
Пеш аз ин Ҳизби исломӣ таъкид дошт, ки бо ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар кишвар имкони баргузории интихоботи шаффоф ва одилона вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел интихоботҳои қаблиро "намоишӣ" тавсиф мекард.
Шибҳнизомиёни таҳти фармони Гулбидин Ҳикматёр аз оғози ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бо ин нерӯҳо ва нерӯҳои давлати Афғонистон дар ҷанг будаанд. Ин ҳизб пас аз гурӯҳи Толибон, дувумини гурӯҳи умдаи шӯришӣ аст.
Бар асоси номае, ки дар он дастур ба аъзои Ҳизби исломӣ эълом шуда, Гулбидин Ҳикматёр гуфтааст: "Корти раъй бигиред ва дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ ширкат кунед. Номзадҳоеро интихоб кунед, ки ё мансуб ба Ҳизби исломӣ бошанд ё дар мавриди ҳизб назари мусбат дошта бошанд ва аз пирӯзии номзадҳои бад ҷилавгирӣ кунед."
Ғайрат Баҳир зимни таъкид бар ин ки ин ҳизб усулан ба интихоботи озод, шаффоф ва одилона бовар дорад, гуфт ки "умеди мо ин аст, ки интихоботи оянда шаффоф, озод ва одилона бошад."
Қутбиддин Ҳилол, муъовини пешини оқои Ҳикматёр яке аз номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ аст, аммо ӯ таъкид дорад, ки як номзади мустақил аст ва аз суи Ҳизби исломӣ номзад нашудааст. Бо ҳузури ӯ дар интихобот ин гамона тақвият шуд, ки Ҳизби исломӣ вориди раванди сиёсӣ мешавад.
Аммо оқои Баҳир гуфт, ки ҳанӯз ҳизбаш тасмим нагирифта, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз кадом номзад ҳимоят кунад. Ӯ таъкид кард: "Шумо мунтазири тасмими ниҳоии Ҳизби исломии Афғонистон бошед."
Гулбидин Ҳикматёр номаш дар феҳристи "терруристони ҷаҳонии" вазорати хориҷаи Омрико қарор дорад ва гумон меравад, ки дар манотиқи қабоилии Покистон махфӣ бошад. Ҷангҷӯёни ӯ бештар дар манотиқи шарқӣ ва шимоли шарқии Афғонистон фаъъол ҳастанд.
Ҷангҷӯёни вобаста ба ин ҳизб дар ҷангҳои миёни гурӯҳӣ дар авоили даҳаи ҳафтоди хуршедӣ ҳам нақши умда доштанд.
Дар ҳоли ҳозир чанд шохаи ҳизби исломӣ бо даст кашидан аз фаъолиятҳои мусаллаҳона расман ба давлат пайваста ва мақомҳои болоеро дар давлати Ҳомиди Карзай дар ихтиёр доранд. Ҳамчунин дар гузашта намояндагоне аз суи Ҳизби исломӣ барои гуфтугӯ ба Кобул сафар кардаанд.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистони борҳо аз гурӯҳҳои шӯришӣ хоста, ки аз фаъолиятҳои мусаллаҳона даст бикашанд, ба раванди сиёсӣ бипайванданд ва аз ин тариқ дар интихобот саҳм бигиранд.
