Ҳомид Карзай: Дасисаи дафтари Қатарро хунсо кардем

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, ки шеваи гузоиши дафтари музокироти Толибон дар Қатар барои гуфтугӯҳои сулҳ дасисае буд, ки ҳукумати Афғонистон онро хунсо кард.
Оқои Карзай дар як баёнияи родиюӣ гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон ва Омрико барои анҷоми гуфтугӯҳои сулҳ миёни аъзои Шӯрои олии сулҳ ва намояндагони Толибон аз тариқи дафтаре дар Қатар мувофиқат карда буданд, аммо замоне ки дафтари Толибон дар Қатар боз шуд, мавзӯъ таври дигаре буд."
Оқои Карзай таъкид кард, ки шеваи гушоиши дафтари гуфтугӯҳои Толибон дар Қатар бо мувофиқатҳои қаблии Омрико ва Афғонистон ҳамхонӣ надошт ва ба ҳамин далел "ҳукумати Афғонистон дар баробари он истод ва бо ҳамкории қавии мардум ин дасисаро хунсо кард."
Гурӯҳи Толибон ҳудуди ду ҳафта пеш дар дафтари музокироти сулҳ ҳозир шуданд ва барои гуфтугӯҳои сулҳ ибрози омодагӣ карданд.
Аммо пас аз он ки намояндагони Толибон унвон ва парчами Амороти Исломиро бар фарози сохтмони ин дафтар насб карданд, давлати Афғонистон вокуниши тунде нишон дод ва гуфтугӯҳо барои имзои мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрикоро ба ҳолати таълиқ даровард.
Ҳарчанд баъдан парчам ва унвони Аморати Исломии Афғонистон аз ин маҳал бардошта шуд, аммо то кунун ҳукумати Афғонистон ҳайъатеро барои ширкат дар гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон ба Қатар нафиристодааст.
"Талошҳои мумкинро анҷом додаем"
Оқои Карзай дар бахши дигаре аз баёнияи худ гуфт, ки Афғонистон талошҳои худ барои барқарории сулҳро то замоне идома хоҳад дод, ки дар кишвар оромиши доимӣ барқарор шавад.
Ҳомид Карзай афзуд: "Барои овардани сулҳ дар Афғонистон ва барои оромии мардум дар даҳ соли гузашта тамоми талошҳои мумкинро анҷом додаем, то мардуми мо дар амнияти комил ва сулҳ ба сар бибаранд."
Ӯ ба баргузории ҷиргаи сулҳ ва эҷоди Шӯрои сулҳи Афғонистон ишора карда ва гуфт, ки талошҳои Афғонистон то замоне ки сулҳ дар ин кишвар ҳоким нашавад, поён нахоҳад ёфт.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба ҳамалоти ахири гурӯҳи Толибон ба Кобул гуфт, ки барои таъмини сулҳ дар кишвар мардуми Афғонистон қурбонии зиёд додаанд ва теъдоди изёде аз уламои динӣ, бузургони сиёсву қавмӣ ва мардуми одӣ ва мансубони давлатӣ кушта ва захмӣ шудаанд.
Ӯ афзуд, ки ҳукумат ва Шӯрои олии сулҳи Афғонистон пайваста аз Толибон хоста, ки барои таҳаққуқи аҳдофи дигарон кишвари худро нобуд накунанд ва монеъи омӯзиши кӯдакон нашаванд.
Оқои Карзай дар ин баёнияи родиюӣ Толибонро бародар хитоб кард ва аз аъзои гурӯҳи Толибон хост, ки дар ободонии Афғонистон саҳим шаванд ва "худ ва бародарони худро" накушанд.
Ҳодмид Карзай, раис ҷумҳурии Афғонистон, ҳар понздаҳ рӯз як бор дар мавриди масоили муҳимми кишвар, баёнияи родиюӣ содир мекунад.
Баёнияи рӯзи гузаштаи ӯ шашу ним дақиқа ба тӯл анҷомид ва бо меҳварияти музокироти сулҳ ва эҷоди дафтари музокироти Толибон дар Қатар аз родиюи давлатии Афғонистон пахш шуд.
