Ҳайати Шурои олии сулҳи Афғонистон ба Қатар меравад

Шурои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, ки умедвор аст ба зудӣ пас аз пазируфта шудани шароиташон ҳайате аз ин шуро ба Қатар сафар кунад.
Атоуллоҳ Лудин, муъовини Шурои олии сулҳ ба Би-би-сӣ гуфт: "Банобар шароите ки қаблан ҳукумати Афғонистон ва ҳукумати Омрико рӯйи он тафоҳум карданд ва дар номае, ки аз суи раиси ҷумҳурии Омрико ба Афғонистон супурда шуда буд, таҳти ин шароит хоҳон ҳастем, ки ҳайати мо дар ояндаи наздик ба Қатар биравад."
Ӯ гуфт, ки ин ҳайат ба Қатар меравад, то бо мақомоти давлати Қатар, бо намояндагоне аз Толибон, ки салоҳияти гуфтугӯ доранд ва бо омрикоиҳо гуфтугӯ кунад.
Ин дар ҳоле аст ки то кунун Толибон изҳори омодагӣ накарданд, ки бо давлати Афғонистон гуфтугӯ хоҳанд кард ва гуфтаанд, ки бо Омрико музокира хоҳанд кард.
Оқои Лудин мегӯяд: "Толибон ба ин фикр ва ақида бошанд, табъан ҳайат намеравад. Агар моликияти раванд ба ҳукумати Афғонистон таъаллуқ надошта бошад, агар Толибон ба ин ақида бошанд, ки бо омрикоиҳо музокира мекунанд, барояшон муборак мегӯем. Музокироти тулонӣ дошта бошанд, қисме ки қаблан ҳам доштанд."
Ӯ афзуд, ки Шурои олии сулҳ ба амалӣ шудани шароити ҳукумати Афғонистон таъкид дорад ва пас аз бароварда шудани ин шароит ба Қатар сафар хоҳанд кард.
Оқои Лудин гуфт, ки агар Омрико низ тазминҳоро, ки ба Афғонистон дода буд амалӣ накунад, ҳайати Шурои олии сулҳ ба Қатар сафар нахоҳад кард.
Аммо ӯ мегуяд, ки барои анҷоми ин сафар бо таваҷҷуҳ ба тағироти рӯзҳои ахир умедворӣ зиёд аст.
Пас аз гушоиши дафтари Толибон дар Қатар зери номи "дафтари сиёсии Аморати исломии Афғонистон" ҳамроҳ бо баланд шудани парчами сафеди Толибон ҳукумати Афғонистон эълом кард, ки дар амал ва гуфтори Омрико дар мавриди сулҳ таноқуз вуҷуд дорад.
Ҳукумати Афғонистон музокирот барои тавофуқномаи амниятӣ байни Афғонистон ва Омрикоро ба таълиқ даровард ва эълом кард, ки ҳеҷ ҳайате аз Шурои олии сулҳ ба Қатар нахоҳад рафт.
Пас аз он парчами Толибон дар дафтари онҳо пойин шуд ва лавҳаи ин дафтар низ бардошта шуд.
Аммо Шурои олии сулҳ таъкид кард, ки танҳо бардоштани ном ва пойин кардани парчам кофӣ нест.
Рӯзи гузашта Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико низ эълом кард, ки Толибон бояд аз фурсати эҷодшуда истифода кунанд, агар на, мумкин дафтари Толибон дар Қатар баста шавад.
