Ҳомиди Карзай барои гуфтугӯ дар бораи Толибон вориди Покистон шуд

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, барои гуфтугӯ дар бораи азсаргирии гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон вориди Покистон шуда ва қарор аст бо Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар, мулоқот кунад.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул мегӯяд оқои Карзай қарор аст Навоз Шарифро барои озод кардани мақомоти аршади Толибон аз зиндон мутақоъид кунад.
Шӯришиён Ҳомиди Карзайро "дастнишондаи Омрико" мехонанд ва ҳозир ба гуфтугӯ бо ӯ нестанд.
Давлати Афғонистон муътақид аст паноҳгоҳҳои Толибон др Покистон далели аслии афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон аст.
Бахшҳое аз сервисҳои амниятии Покистон аз муддатҳо пеш муттаҳам ба ҳимоят аз Толибони афғон ва паноҳ додан ба онҳо дар хоки Покистон будаанд, аммо Исломобод ин иттиҳомотро рад мекунад.
Ин аввалин мулоқоти Ҳомиди Карзай бо Навоз Шариф хоҳад буд, ки ду моҳ пеш дар интихоботи Покистон пирӯз шуд.
Ҳомиди Карзай, нахуствазири Покистонро таҳсин карда ва гуфта ӯ барои сулҳу субот ниёти хайр дорад, агарчи тасдиқ карда, ки дидорҳои пешини ӯ аз Покистон дар беҳбуди амнияти Афғонистон таъсире надоштааст.
Оқои Карзай гуфт: "Ман умедворам, аммо мутмаъин нестам. Бо умед меравам ва орзу дорам умедам муҳаққақ шавад."
Дар садри хостаҳои оқои Карзай озодии мақомоти аршади Толибон аст, ки дар зиндонҳои Покистон маҳбусанд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд раиси ҷумҳури Афғонистон умедвор аст ин кор ба азсаргирии музокирот бо Толибон кумак кунад.
Бо ин ҳама ҳар ду раҳбар медонанд муваффақияти иқтисодии ҳар ду кишвар ба суботи бештар ниёз дорад.
Дар ҳамин ҳол, Покистон низ ба дунболи фурсатҳои тиҷории бештар ва дастрасӣ ба роҳҳои истротежик аз тариқи Покистон аст.
Гуфта мешавад оқои Карзай аз ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар барафрӯхта будааст ва таъкид карда, ки давлаташ бояд дар гуфтугӯи сулҳ нақши меҳварӣ дошта бошад.
