Давлати Афғонистон нерӯҳои хориҷиро аз боздошт кардани афрод дар хоки худ манъ кард
Image copyrightargҲукумати Афғонистон гуфтааст, ки нерӯҳои хориҷӣ дигар ҳақи боздошт ва нигаҳдории афрод дар зиндон ва роҳандозии амалиётҳои низомиро дар хоки ин кишвар надоранд.
Дирӯз, якшанбеи 9 феврал дар нишасте бо ҳузури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурӣ таъкид шуд, ки Кумита дар расидагӣ ба парвандаҳоии зиндониёни Багром бо "руҳияи ватандӯстӣ" ва "истиқлол" амал кардааст.
Амалкарди ин кумита мунтаҷ ба раҳоии садҳо зиндонии Багром аз ҷумла 37 зиндонӣ, ки давлати Омрико онҳоро "зиндонии хатарнок" хонда, шудааст.
Дар марти соли гузашта ҳангоми интиқоли масъулияти зиндони Багром ҳукумати Афғонистон ва НОТУ тавофуқ карданд, ки нерӯҳои хориҷӣ метавонанд афродро дар Афғонистон боздошт кунанд, аммо бояди зарфи наваду шаш соъат боздоштиҳоро ба ҳукумати Афғонистон таҳвил диҳанд
Ба асоси як хабарномаи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ин ҷаласа раиси додгоҳи олӣ, додситони кул, мушовири амнияти миллӣ, аъзои Кумитаи расидагӣ ба парвандаҳои зиндониёни Багром ва вазирони адлия, умури дохила ва дифоъ ҳам ҳузур доштанд.
Дар хабарнома омада "ҷаласа бо ёдоварии ин ки акнун сарбозони хориҷӣ ҳақи анҷоми амалиёт, гирифтории афғонҳо ва доштани зиндон дар хоки моро надоранд, ҳамаи тартиботи муваққати марбут ба зиндони Багромро мулғо эълом кард."
Ҳукумат дар ҳоле ин тасмимро гирифта, ки понздаҳ рӯз пеш Ҳомид Карзай дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки зиндони Багром корхонаи толибсозӣ аст.
Нерӯҳои байналмилалии кумак ба амният, Ойсоф ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки намехоҳанд дар вокуниш ба тасмими тозаи ҳукумати Афғонистон изҳори назар кунанд.
Як сол пеш дар моҳи март дар маросими таҳвилдиҳии масъулияти зиндони Багром ба афғонҳо ҳукумати Афғонистон ва фармондиҳии НОТУ тавофуқ карда буданд, ки пас аз ин нерӯҳои хориҷӣ метавонанд афродеро дар Афғонистон боздошт кунанд, аммо бояди ин афродро зарфи 96 соъат ба нерӯҳои афғон таҳвил диҳанд.
Аммо он гуна ки дар хабарномаи раёсати ҷумҳурӣ омада сарбозони хориҷӣ пас аз ин ҳақи боздошт нахоҳанд дошт ва ҳамчунин боздоштгоҳи Багром дигар зиндони хосс нахоҳад буд ва дар чорчӯби вазорати умури дохила ба сурати як боздоштгоҳи одӣ дархоҳад омад.
Мақомҳои афғон мегӯянд, ки парвандаҳоии зиндониёне, ки дар ҳоли ҳозир дар Багром дар банд ҳастанд, тавассути ниҳодҳои адлӣ ва қазоии Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд ва дар мавриди ин парвандаҳо давлати Афғонистон тасмим хоҳад гирифт.
Аммо шуморе аз парвандаҳо тавассути Кумитаи расидагӣ ба парвандаҳои боздоштиёни боздоштгоҳи Багром баррасӣ шуда ва ин кумита дар бораи он тасмим хоҳад гирифт.
Мақомҳои Омрико ду ҳафта пеш савобиқ ва мушаххасоти 37 зиндониеро, ки аз суи давлати Афғонистон раҳо шудаанд, мунташир кард ва гуфт, ки ин афрод барои амнияти Афғонистон ва ҷони нерӯҳои омрикоӣ ва афғон хатарнок ҳастанд.
Озодии боздоштиҳои Багром ва наҳваи расидагӣ ба парвандаҳои онҳо аз мавзуъҳои ихтилофбарангез дар равобити Омрико ва Афғонистон будааст.
