Омрико: 88 зиндониро аз Багром озод накунед

  • 1 Январ, 2014
Боздоштиёни зиндони Багром
Image caption Боздоштиёни зиндони Багром

Омрико аз давлати Афғонистон хостааст, ки 88 зиндонии боздоштгоҳи Багромро, ки таҳдиди ҷиддии амниятӣ маҳсуб мешаванд, озод накунад.

Ду рӯз пеши Кумитаи расидагӣ ба парвандаҳои боздоштиҳои боздоштгоҳи Багром 650 танро ба далели набуди далоили кофӣ барои субути фаъолиятҳои терруристӣ озод кард.

Омрико чанд моҳ қабл идораи боздоштгоҳи Багромро баъд аз танишҳои зиёде дар равобити ин ду кишвар ба давлати Афғонистон вогузор кард.

Аз он пас масъулияти нигаҳдории 3 ҳазору 85 тан аз зиндониёни Багром ба давлати Афғонистон вогузор шуд, аммо нигаҳдории 600 зиндонии афғон ва панҷоҳ зиндонӣ, ки аз кишварҳои дигар ҳастанд, ҳамчунон ба уҳдаи Омрико боқӣ монд.

Ин 88 зиндонӣ аз ҷумлаи зиндониҳоеанд, ки масъулияти онҳоро давлати Афғонистон дорад.

Дейв Лапан, яке аз сухангӯёни нерӯҳои омрикоӣ дар Кобул гуфтааст: "Ҳайати баррасии зиндониёни боздоштгоҳи Багром фаротар аз салоҳияти қонунии худ амал кардааст ва дастури озодии афродеро додааст, ки таҳдиди воқеъии амниятианд ва шавоҳиди зиёде барои таҳқиқоти бештар дар мавридашон ва ё ҳам ба додгоҳ кашонданашон вуҷуд дорад."

Мавзуъи нигаҳдорӣ аз боздоштиён байни давлати Афғонистон ва нерӯҳои омрикоӣ аз мавзуъҳои ҳассос ва чолишбарангез дар равобити ду тараф будааст.

Дар соли 2012 вукалои зиндониёни боздоштгоҳи Багром Омрикоро муттаҳам ба нақзи ҳуқуқи башар карданд ва иддаъо карданд, ки дар як даҳаи гузашта афроди зиёде дар ин боздоштгоҳ шиканҷа шудаанд.

Давлати Афғонистон ҳамвора бар ин таъкид карда, ки нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон набояд касеро боздошт кунанд ва боздоштгоҳ дошта бошанд. Давлат вуҷуди боздоштгоҳ ва зиндони таҳти кунтрули нерӯҳои хориҷиро нақзи ҳокимияти худ медонад.

Аммо нерӯҳои хориҷӣ гуфтаанд касоне, ки дар фаъолиятҳои терруристӣ даст доранд ва ҷони ин нерӯҳоро ба хатар меандозанд, бояд боздошт шаванд.

Аз суи дигар дар гузашта дар мавориди озодии зиндониёни муттаҳам ба фаъолиятҳои терруристӣ аз суи давлати Афғонистон мавриди интиқоди баъзе аз ниҳодҳои маданӣ ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Афғонистон қарор гирифтааст.

Матолиби муртабит