Толибон: Интихоботро мухтал хоҳем кард

  • 10 Март, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба торихи шонздаҳуми ҳамал/фарвардин (5 апрел) баргузор мешавад

Гурӯҳи Толибон бо интишори эъломияе аз мардуми Афғонистон хостаанд дар интихобот иштирок накунанд.

Дар хабарномае, ки аз суи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни ин гурӯҳ ба расонаҳо фиристода шуда, омадааст, ки интихобот як дасисаи омрикоӣ барои ҷобаҷоии фарди мавриди назарашон аст.

Ин гурӯҳ аз мардум, махсусан аз уламои динӣ, устодони донишгоҳҳо ва бузургони қавмӣ хостаанд, ки дар интихобот ширкат накунанд.

Гурӯҳи Толибон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки интихоботи пеширӯро мухтал хоҳанд кард ва авоқиби касоне, ки дар ин интихобот ширкат кунанд, ба дӯши худи онҳо аст.

Аммо Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохила мегӯяд, ки эъломияҳои Толибон бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад ва нишон медиҳад, ки онҳо аз баргузории интихобот метарсанд.

Ӯ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ аз тамомии имконоти худ барои кумак ба мардум ва таъмини амнияти интихобот истифода хоҳанд кард.

Оқои Сиддиқӣ афзуд, ки мардум набояд аз ин эъломияҳо дар ҳарос бошанд ва бояд бидуни тарс дар интихобот иштирок кунанд.

Пеш аз ин Ҳизби исломии Афғонистон, яке дигар аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Афғонистон аз мардум хоста буд, ки дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ ширкат кунанд ва ба номзадони ин ҳизб раъй диҳанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин ҳизб аз номзадии Қутбуддин Ҳилол дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кардааст. Оқои Ҳилол яке аз аъзои ин ҳизб аст, аммо мегӯяд ба унвони як номзади мустақил дар интихобот ширкат кардааст.

Ду кушта ва ҳафт захмӣ дар инфиҷоре дар ғарби Афғонистон

Image caption Дафтари муборизаи интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, дафтари ситоди интихоботии онҳо дар вулусволии Работи Сангии вилояти Ҳирот мавриди ҳамла қарор гирифта

Дар ҳоле ки Толибон мегӯянд амнияти интихоботро мухтал хоҳанд кард ва пулис таъкид мекунад, ки Толибон чунин тавонеро надоранд, дафтари ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки дафтари ин ситод дар вулусволии Работи Сангии вилояти Ҳирот мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Дар эъломияи ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ омадааст, ки ҳаволии зуҳри имрӯз як мутурсиклети бумбгузоришуда дар наздики дафтари онҳо мунфаҷир шудааст.

Ба асоси маълумоти ин эъломия дар ин инфиҷор ду маъмури амниятӣ кушта ва чаҳор нафар аз кормандони ситоди интихоботии дуктур Абдуллоҳ захмӣ шудаанд.

Аммо Абдурауф Аҳмадӣ, сухангӯи фармондиҳии пулиси Ҳирот мегӯяд ҳадафи ин ҳамла ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ набудааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯйдод ду пулис кушта ва ҳафт нафар аз ҷумла панҷ ғайринизомӣ захмӣ шуданд.

Сухангӯи пулиси Ҳирот гуфт ин инфиҷор дар муқобили як ҳутел сурат гирифтааст.

То кунун масъулияти ин рӯйдодро касе бар уҳда нагирифтааст.

Пеш аз ин низ тими интихоботии дуктур Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар масири Кобул-Нангарҳор мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки баъдан масъулияти онро Толибон бар уҳда гирифт.

Матолиби муртабит