Ҳамла ба корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон
Корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Афғонистон мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифтааст.
Ин ҳамла дар ҷараёни муборизаи интихоботии ин номзад барои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон сурат гирифтааст.
Мақомот гуфтаанд дар ин ҳамла, ки бо истифода аз мусалсал дар минтақае мавсум ба Сурубӣ анҷом шуда, ба оқои Абдуллоҳ осебе нарасидааст. Сурубӣ дар фосилаи ду соъат роҳ ба шаҳри Кобул қарор дорад.
Як афсари пулис дар ин ҳамла маҷруҳ шудааст.
Дастёри оқои Абдуллоҳ гуфтааст ӯ бо вуҷуди ҳамла ба муборизоти интихоботии худ идома хоҳад дод.
11 номзад барои дастёбӣ ба курсии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар интихоботе, ки қарор аст 5 апрел баргузор шавад ва ҷонишинеро барои Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури кунунӣ интихоб кунад, ба ҳам рақобат мекунанд.
Ду нафар аз фаъъолони ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ дар авоили моҳи ҷорӣ дар вилояти Ҳирот ба зарби гулӯла кушта шуданд.
