Қаюм Карзай ба нафъи Залмай Расул аз рақобатҳои интихоботии Афғонистон канор рафт

  • 6 Март, 2014
Image caption Эҳтимол меравад, ки бо пайвастани Қаюм Карзай ба тими оқои Расул, рақобатҳои интихоботӣ вориди марҳилаи ҷиддитаре шавад

Қаюм Карзай, бародари Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба нафъи Залмай Расул, вазири хориҷаи пешини Афғонистон, аз рақобатҳои интихоботӣ канор рафт.

Оқои Карзай рӯзи панҷшанбеи 6 март дар як нишасти хабарӣ дар Кобул эълом кард, ки ба унвони як афғон ба тавсеъаи ин кишвар фикр мекунад ва ба ин далел тасмим гирифта буд, то худро номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кунад.

Оқои Карзай афзуд: "Ба ҳамроҳи тими интихоботиам, баъд аз мушовира бо намояндагони 28 вилоят ва афроди мунтақиди кишвар, таҳаққуқи аҳдофи худро дар ваҳдат бо тими Залмай Расул медонам ва ин ваҳдатро эълом мекунам. "

Ӯ афзуд, ки манофеъи кишвар ва мардуми Афғонистонро дар назар гирифта ва ба ин натиҷа расидааст.

Залмай Расул низ дар ин нишаст эълом кард: "Аз ин ки тими таъаҳҳуд ва тахассус ба раҳбарии Абдулқаюми Карзай ба ин натиҷа расида, ки бо мо якҷо кор кунад, истиқбол мекунем."

Ӯ афзуд, ки кӯшишҳои ғайримуназзам ва номунсаҷим натиҷа намедиҳад ва ин иттиҳод ташкил шуд, то дар муборизоти интихоботӣ ба сурати муштарак бо ҳимояти мардум ва қудрати тим ба пеш равем.

Залмай Расул тасмими оқои Карзайро арзанда ва муҳим хонд ва гуфт, ки ӯ сиёсатмадоре мудабир аст, ки дар раванди сиёсии Афғонистон нақши фаъъол доштааст.

Ӯ таъкид кард, ки тими Қаюм Карзай бо дарки амиқе, ки аз авзоъи Афғонистон дорад, то кунун ба сурати маъқул ва бар асоси манофеъи миллӣ гом бардоштаанд.

Оқои Расул бо ишора ба ин ки интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда сарнавиштсоз аст, афзуд, ки дар ин интихобот барои аввалин бор дар кишвар қудрат аз як раиси ҷумҳури мунтахаб ба раиси ҷумҳури мунтахаби дигар мунтақил мешавад.

Ӯ худро барандаи интихоботи Афғонистон эълом карда ва афзуд, ки тамоми касоне, ки ҳомии эътидол, баробарӣ ва хоҳони тарақии Афғонистон ҳастанд, чи дар сатҳи номзадҳо ва чи дар сатҳи мардуми оддӣ то рӯзи интихобот бо мо якҷо хоҳанд шуд.

Матолиби муртабит