Оғози рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

  • 2 Феврал, 2014
номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
Image caption Дар интихоботи соли ҷорӣ, ки қарор аст моҳи апрел баргузор шавад, 11 номзади сабтиномшуда бо ҳам ба рақобат хоҳанд кард

Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ду моҳ монда ба баргузории интихобот ба рақобатҳои интихоботӣ оғоз кардаанд.

Қарор аст дар интихобот ҷойнишине барои Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии кунунӣ, ки бар асоси қонуни асосии Афғонтстон ҳаққи интихоб шудан ба давраи савуми раёсати ҷумҳуриро надорад, интихоб шавад.

Оқои Карзай дар соли 2001 ба қудрат расид. Ин интихобот ба унвони озмоише барои тавонмандии нерӯҳои амниятии Афғонистон дар замоне дониста мешавад, ки нерӯҳои амалиётии НОТУ дар ҳоли омода шудан ба тарки хоки Афғонистон ҳастанд.

Рӯзи шанбе қабл аз оғози рақобатҳои интихоботӣ ду тан аз масъулони интихоботии Абдуллоҳ Абдулло яке аз номзадҳои асосӣ ва вазири собиқи хориҷа кушта шуданд.

Оқои Абдуллоҳ дар интихоботи соли 2009 пас аз Ҳомиди Карзай дувумин номзад бо касби бештарин шумори оро буд.

Дар интихоботи соли ҷорӣ, ки қарор аст моҳи апрел баргузор шавад, 11 номзади сабтиномшуда бо ҳам ба рақобат хоҳанд кард.

Баргузории ҳамоишҳои интихоботӣ, насби акс, постер, пахши огаҳиҳои телевизиюнӣ, пахши матолиби интерентӣ, диду боздидҳои ғайрирасмӣ аз роҳҳои ҷалби ороии мардум дар ин мубориза аст.

Кумиссиюни мустақили интихобот бар шева ва мизони масорифи муборизоти интихоботӣ назорат мекунад. Кумиссиюн барои масорифи кампейн ҳар номзад як сақфи даҳ миллиюни афғонигӣ (187 ҳазор дулор) таъин кардааст

Амният нигаронии аслии номзадҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва кумиссиюни мустақили интихобот аст.

Давлат садҳо маъмури амниятиро муваззаф ба таъмини амнияти номзадҳо ва муъовинони онҳо карда аст. Давлат аз номзадҳо хоста ки бо ниҳодҳои амниятӣ иртиботи бештаре дошта бошанд.

Интихоботи пеши рӯ нахустин интихоботе хоҳад буд, ки дар асари он як раиси ҷумҳурии мунтахаб қудратро ба як раиси ҷумҳурии мунтахаби дигар таҳвил медиҳад. Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури кунунӣ пас аз дувоҳдаҳ соли ҳукуматаш то чаҳор моҳи дигар аргро ба ҷонишини худ вогузор хоҳад кард.

Матолиби муртабит