Афғонистон: 'Барои таҳвил гирифтани пойгоҳи омрикоӣ дар Ҳилманд омодаем'

  • 12 Июл, 2013

Як гузориши тозаи давлати Омрико аз масрафи пулҳои ин кишвар дар барномаҳои тавсеъаӣ, ки ғайризарурӣ унвон шуда, парда бардоштааст.

Бозраси вижаи Омрико барои бозсозии Афғонистон (СИГОР) гуфтааст, ки Омрико 34 милюн дулорро сарфи сохмони як пойгоҳи низомӣ дар Ҳилманд карда, ки то ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ин сохтмон барои маркази фармондеҳии нерӯҳои омрикоӣ дар ҳавзаи ҷанубу ғарби Афғонистон тарроҳӣ шуда буд, ки бинобар далоили номаълуме ҳамчунон истифода нашудааст.

Ҷон Сопку, бозраси вижаи Омрико барои бозсозии Афғонистон гуфтааст, ки фармондеҳони низомӣ дар моҳи майи соли 2010 таъкид кардаанд, ки ҳеҷ ниёзе ба чунин тасҳилоте надоранд, аммо бо вуҷуди ин ҳама кори ин сохтмон то соли 2013 идома пайдо кард ва такмил шуд.

Мақомҳои низомӣ ба бозраси вижаи Омрико гуфтаанд, ки пружеи сохтмони низомӣ дар Ҳилманд “намунае аз мушкилот” дар таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон аст, ки вақте кори эҷоди як сохтмони низомӣ шуруъ шуд, “мушкил аст, ки мутаваққиф шавад.”

Оқои Сопку ба нақл аз мақомҳои омрикоӣ гуфтааст: “Ин пойгоҳ барои тақсимоти низомӣ тарроҳӣ шуда буд ва қабл аз шурӯъи кор тасмим гирифта шуд, ки як сохтмон набояд сохта шавад, аммо ба таври номаълуме кор идома пайдо кард ва сохтмон такмил шуд.”

Бозраси вижаи Омрико барои бозсозии Афғонистон ибрози нигароонӣ кардааст, ки ин пруже нишон медиҳад, ки дар Афғонистон пул дар бахшҳое ҳадар рафта, ки имкони ҷилавгирии он вуҷуд доштааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло мақомҳои низомии Омрико рӯйи ин фикр мекунанд, ки бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва коҳиши сарбозон, ин сохтмони низомиро тахриб кунанд ва ё ҳам ба давлати Афғонистон биспоранд.

Оқои Сопку гуфта, ки бо ҳар ду гузина бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд, чун аз як сӯ давлати Афғонистон зарфияти нигаҳдории ин пойгоҳро надорад ва аз сӯйи дигар кори тахриб душвор ва ҳадар рафтани 34 милюн дулор пул аст.

Бо вуҷуди ин нигарониҳо, аммо давлати Афғонистон мегӯяд, ки тавоноии таҳвилгирии ин сохтмони низомиро дорад.

Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазири дифоъи миллии Афғонистон дар як тамоси телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки омодаанд, масъулияти нигаҳдории ин сохтмонро аз нерӯҳои омрикоӣ ба ӯҳда бигиранд.

Омрико ҳанӯз тасмими қатъии худро дар мавриди сарнавишти ин сохтмони низомӣ эълом накарда ва мушаххас нест, ки ин сохтмонро тахриб мекунад ё дар ихтиёри давлати Афғонистон медиҳад.

Давлати Афғонистон то соли 2014 барои хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ омодагӣ мегирад ва интизор дорад, ки нерӯҳои байналмиллалӣ пас аз хуруҷ аз Афғонистон таҷҳизот ва пойгоҳҳои худро дар ихтиёри нерӯҳои амниятии Афғонистон қарор бидиҳад.

Бозрасии вижаи бозсозии Афғонистон гуфта, ки сохтмони пойгоҳи низомии Ҳилманд баробар бо меъёрҳои Омрико эҷод шуда ва аз муҷаҳҳазтарин сохтмонҳои низомӣ дар Афғонистон аст, ки бо 64 ҳазор фути мураббаъ масоҳат, гунҷоиш 1200 то 1500 нафарро дорад.

Матолиби муртабит