'12 шаҳрванди Афғонистон дар Эрон эъдом шуданд'

  • 9 Июл, 2013

Сафорати Афғонистон дар Теҳрон бо интишори як номаи хабарӣ аз эъдоми 12 шаҳрванди Афғонистон "дар иртибот бо ҷароими қочоқи маводди мухаддир" дар Эрон хабар додааст.

Дар ин хабарнома замони дақиқи ин эъдомҳо мушаххас нашудааст, аммо гуфта шуда, ки ин афрод ахиран эъдом шудаанд.

Бар асоси ин хабарнома 7 тан аз эъдомшудагон аҳолии (бошандаи) Ҳирот, се тан аз Тахор, яке аз онҳо аз Лағмон ва дигаре ҳам аз Нимрӯзи Афғонистон будаанд ва ахиран дар зиндонҳои Караҷ, Арок ва Исфаҳон эъдом шудаанд.

Сафорати Афғонистон дар Теҳрон гуфтааст, ки "силсилаэъдомҳо идома дорад ва мутаассифона садҳо тани дигар дар пайванд ба ҷароими муртабит бо маводди муҳаддир ба эъдом маҳкум шудаанд ва дар интизори иҷрои ҳукм ба сар меабранд."

Давлати Афғонистон дар гузашта чандин бор хоҳони лағв ё таълиқи ҳукми эъдоми шаҳрвандони ин кишвар дар Эрон аст.

Дар моҳи марти соли гузашта вазорати хориҷаи Афғонистон эълом кард, ки "вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо ҳамтои афғонаш мувофиқат карда, ки аз раиси қуваи қазоияи Эрон дархост кунад, ки иҷрои ҳукми эъдоми тамоми шаҳрвандони афғонро ба ҳолати таълиқ дароварад, то замоне ки қувваи қазоияи ду кишвар бо ҳам мулоқотҳое рӯбарӯ анҷом диҳанд ва як роҳи ҳал ё як меконисми ҳамкории муассиртар ва наздиктарро таъриф кунанд."

Аммо дар номаи хабарии сафорати Афғонистон омада, ки "мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки дар мавриди қочоқи маводди мухаддир ҳукми эъдом ё ҳабси абад бар ҳамагон чи эронӣ ва ғайриэронӣ иҷро мешавад."