11 корманди як муассисаи минрӯбӣ дар Ғазнӣ рабуда шуданд

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Ғазнӣ дар ҷануби Афғонистон таъйид карданд, ки 11 корманди як муассисаи минрӯбӣ дар ин вилоят рӯзи ҷумъаи гузашта тавассути афроди гурӯҳи Толибон рабуда шуданд.
Шафиқ Нанг Софӣ, сухангӯи волии вилояти Ғазнӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин 11 нафар дар вулусволии Андари ин вилоят рабуда шуданд.
Ба гуфтаи ӯ ин афрод соъати 11 рӯзи ҷумъаи гузашта бо як утубуси 303 озими Кобул буданд, ки дар минтақаи Малону бобо тавассути афроди гурӯҳи Толибон рабуда шуданд.
Акнун аз сарнавишти ин афрод иттилоъе дар даст нест, вале талошҳо барои раҳоии онон тавассути бузургон идома дорад.
Рӯзи гузашта Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх низ эълом кард, ки 5 корманди маҳаллии ин Кумита дар вилояти Ҳарот дар ғарби Афғонистон рабуда шудаанд.
Баҳманмоҳи соли гузашта низ 63 корманди муассисаи минрӯбии "Ҳалу трост" тавассути афроди мусаллаҳ дар вилояти Ҳарот рабуда шуданд, ки тавассути нерӯҳои пулиси ин вилоят озод шуданд.
Муассисае, ки дар заминаи минрӯбӣ фаъоланд, солҳо аст, ки дар Афғонистон кор мекунанд ва ин кормандон ҳамонанди кормандони Салиби Сурх аз ҳамалоти гурӯҳҳои даргир масун будаанд.
Аммо дар солҳои ахир теъдоде аз ин афрод тавассути афроди мусаллаҳи мухолифи давлати Афғонистон кушта шудаанд.
