Вулусволии Дуоби Нуристон ба дасти мухолифони мусаллаҳ афтод

Мақомҳои маҳаллӣ таъйид карданд, ки мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон кунтрули вулусволии Дуоби виялоти Нуристонро ба даст гирифтаанд.
Як мақоми маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки вулусволии Дуоби вилояти Нуристон дар шарқи Афғонистон ба дасти гурӯҳи Толибон афтодааст.
Ин мақоми маҳаллӣ гуфта, ки шоми гузашта садҳо тан аз афроди гурӯҳи Толибон ба вулусволии Дуоб ҳамла карданд ва кунтрули ин вулусволиро ба даст гирифтанд.
Абдулбоқӣ Нуристонӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Нуристон гуфта, ки нерӯҳояшон ба далели камбуди муҳиммот "ақибнишинии токтикӣ" кардаанд ва ба теппаҳои вулусволӣ, ки аз дастраси мухолифони мусаллаҳ дур аст, паноҳ бурдаанд.
Оқои Нуристонӣ гуфта, ки ин ақибнишинӣ пас аз даргирии шадид миёни нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони мусаллаҳ сурат гирифт. Ӯ мегӯяд нерӯҳои тозанафас ба маҳал расидаанд ва барои поксозии вулусволии Дуоб аз нуфузи мухолифони мусаллаҳ амалиёт хоҳанд кард.
Фармондеҳи пулиси Нуристон кушта шудани як сарбози пулисро дар ин даргирӣ таъйид мекунад ва мегӯяд, ки теъдоди зиёде аз муҳоҷимон низ кушта шудаанд, аммо гузоришҳои таъйиднашуда ҳокӣ аз талафоти бештари нерӯҳои амниятӣ дар маҳал аст.
Дуоб аз вулусволиҳои ҳаштгонаи Нуристон, ба вилояти шарқии Луғмон васл аст ва пеш аз ин низ дар соли 2011 барои як рӯз ба дасти мухолифони умсаллаҳ афтода буд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон дубора кунтрули онро пас аз даргирӣ бо мухолифони мусаллаҳ ба даст оварданд.
Мақомҳои маҳаллӣ аз ҷумла волӣ ва фармондеҳи пулиси вилояти Нуристон ба маҳал рафтаанд ва ҳанӯз ҷузъиёти бештаре дар мавриди вазъияти вулусволии Дуоб дар даст нест.
Нуристон дар шарқи Афғонистон аз вилоятҳои кӯҳистоние аст, ки дар байни ҷангалот воқеъ шуда ва бо қабоили Покистон марзи муштарак дорад. Мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон бо истифода аз мавқеъияти ин вилоят дар бахшҳое аз он паноҳ гирифтаанд ва ҳар аз гоҳ ҳамалоте ба вулусволиҳо ва рустоҳои он созмондиҳӣ мекунанд.
Пеш аз ин низ теъдоде аз вулусволиҳои вилояти Нуристон ба дасти гурӯҳи Толибон суқут карда ва артиш ва пулиси Афғонистон амалиётҳоеро барои поксозии маҳал аз вуҷуди мухолифони мусаллаҳ роҳандозӣ кардаанд.
