Муҳоҷимони мусаллаҳ ба хонаи фармондеҳи пулиси Қандаҳор ҳамла карданд

  • 27 Июл, 2014
Image copyrightBBCPashto.com
Image caption Мухолифони мусаллаҳи давлат пеш аз ин низ ҳамалоти зиёде дар вилояти Қандаҳор сурат додаанд

Гурӯҳе аз муҳоҷимони мусаллаҳ субҳи имрӯз дар вулусволии/шаҳристони марзии Спинбулдаки Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Мақомоти амниятӣ дар Қандаҳор мегӯянд, ки ҳамлаи афроди мусаллаҳ авоили субҳ ба вақти маҳаллӣ вақте шуруъ шуд, ки шаш муҳоҷим вориди як мадраса/мактаб шуданд ва ба тирандозӣ пардохтанд.

Зиё Дурронӣ, сухангӯи пулиси Қандаҳор ба Бибисӣ гуфт, ки дар гирӣ ду соъат идома дошт ва дар асари он як кӯдак ва як узви пулиси марзӣ ва шаш фарди муҳоҷим кушта шуданд ва се сарбози пулиси марзӣ ҳам захм бардоштанд.

Ҳадафи муҳоҷимони хонаи Абдураззоқ Атиқзай, фармондеҳи пулис ва Ҷонон, масъули қитъаи вокуниши сареъи вилоят Қандаҳор буд, ки дар наздикии маҳали даргирӣ қарор дорад.

Пештар Давохон Минапол, сухангӯи волии Қандаҳор ба Бибисӣ гуфта буд, ки дар ин даргирӣ дасти кам ҳашт узви гурӯҳи Толибон саҳм доштанд.

Айюби Солангӣ, муъовини вазорати умури дохилаи Афғонистон ҳам дар сафҳаи Твиттари худ навишта, ки дар ин даргирӣ як кӯдак ва як узви нерӯҳои муҳофизатӣ кушта шуданд.

Вулусволии Спинбулдаки Қандаҳор бо Покистон васл аст.

Гурӯҳи Толибон, ки бар алайҳи давлати Афғонистон меҷанганд дар хабарномае, ки ҳаволии соъати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ ба расонаҳо фиристода, масъулияти созмондиҳии ин ҳамларо ба уҳда гирифта ва гуфта, ки ҳадафашон меҳмонхонаи фармондеҳи пулис ва масъули қитъаи вокуниши сареъи Қандаҳор будааст.

Гузориш шуда, ки оқои Атиқзай ва масъули қитъаи вокуниши сареъ ҳангоми ҳамлаи муҳоҷимон дар хонаҳо будаанд. Хабарнигори Бибисӣ дар маҳал мегӯяд, ки хонаи онҳо дар як шаҳраки кучаки маскунӣ аст, ки дар он беш аз панҷоҳ воҳиди маскунӣ вуҷуд дорад.

Вулусволии Спинбулдаки Қандаҳор дар хати марзии Дюранд бо қабоили Покистон ҳаммарз аст. Аз Қандаҳор ба номи зодгоҳи Толибон ёд мешавад ва мухолифони мусаллаҳи давлат, ҷангҷуёни гурӯҳи Толибон ва шӯришиёни хориҷӣ дар русто ва вулусволиҳои ин вилоят фаъолият доранд ва дар солҳои гузашта ҳамалоти хунине дар он созмондиҳӣ кардаанд.

Ҳудуди бист рӯз пеш (18 тир/саратон) афроди гурӯҳи Толибон дар рӯйдоде мушобеҳ ба дафтари волӣ ва мақари фармондиҳии пилиси ин вилоят ҳамла карданд. Ин аз ҳамалоти сангини гурӯҳи Толибон ба таъсисоти давлатии Қандаҳор буд, ки дар натиҷаи он 22 муҳоҷими интиҳорӣ, 5 пулис ва 4 ғайринизомӣ кушта ва 16 нафари дигар шомили 7 пулис ва 9 ғайринизомӣ захмӣ шуданд.

Матолиби муртабит