Ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба як пойгоҳи низомии хориҷӣ дар Қандаҳор

  • 20 Январ, 2014
нақшаи АфғонистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Қандаҳор зодгоҳи гурӯҳи Толибон аз вилоятҳои ноамн дар ҷануби Афғонистон аст

Дар вилояти ҷанубии Қандаҳор гурӯҳе аз муҳоҷимони интиҳорӣ пойгоҳи марбути низомиёни хориҷиро ҳадаф қарор додаанд.

Мақомҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳаволии соъати 11 қабл аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ як муҳоҷими интиҳорӣ худрави мамлу аз маводи инфиҷории худро дар муқобили дари вурудии пойгоҳи нерӯҳои Ойсоф мунфаҷир кард. Ин рӯйдод бо даргирӣ миёни нерӯҳои Ойсоф ва муҳоҷимон идома ёфт.

Ҷовид Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор ба Би-би-сӣ гуфт, ки инфиҷор ба ҳадде қавӣ буд, ки садои он то маркази вулусволии Жирай ба гӯш расидааст.

Ӯ гуфт, ки дар ин рӯйдод нуҳ шӯришӣ ширкат доштанд, ки бо истифода аз либоси нерӯҳои хориҷӣ саъй карданд вориди пойгоҳ шаванд.

Сухангӯи волии Қандаҳор ҳамчунин гуфт, ки ибтидо яке аз муҳоҷимон худрави ҳомили маводи инфиҷориро мунфаҷир кард ва сипас ҳашт ҳамлакунандаи дигар ба рӯйи нерӯҳои Ойсоф оташ кушуданд.

Як сарбози нерӯҳои Ойсоф ва нуҳ муҳоҷими интиҳорӣ ба асари ин рӯйдод кушта шудаанд.

Нерӯҳои Ойсоф то ҳанӯз ин ҳамларо таъйид кардаанд, аммо дар мавриди ба кадом кишвар мутааллиқ будани сарбози кушташуда тавзеҳ надодаанд.

Вулусволии Жирайи Қандаҳор аз нуқоти ноамни вилояти ҷанубии Қандаҳор аст, ки бо Покистон марзи муштарак дорад. Аъзои артиши Омрико дар ин вилоят мустақар ҳастанд.

Дар вулусволии Жирай, ҷое ки ин инфиҷор иттифоқ афтода пойгоҳи амалиётии артиши Омрико маъруф ба пойгоҳи Вилсон қарор дорад ва эҳтимол меравад, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии ҳамин пойгоҳ рӯй дода бошад.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва гуфта, ки талафоти сангине ба нерӯҳои хориҷӣ ворид кардаанд.

Матолиби муртабит