Се ҳамлакунандаи интиҳорӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд

  • 12 Март, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Қандаҳор аз вилоёти ноамн дар ҷануби Афғонистон аст

Мақомоти маҳаллии вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон, мегӯянд се нафарро, ки қасд доштанд ба яке аз дафотири раёсати амнияти миллӣ дар шаҳри Қандаҳор ҳамла кунанд, куштаанд.

Ин афрод пас аз як соъат даргирӣ аз по даромаданд.

Сухангӯйи фармондеҳии пулиси Қандаҳор мегӯяд замоне ки ҳамлакунандагон қасди вуруд ба яке аз дафотири маҳаллии раёсати амнияти миллӣ дар ноҳияи дувуми шаҳри Қандаҳорро доштанд, шиносоӣ шуданд ва байни онҳо ва нерӯҳои амниятӣ даргирӣ рӯй дод.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ аз ин дафтар барои таҳқиқ аз муттаҳамон истифода мешавад.

Сухангӯйи пулиси Қандаҳор мегӯяд дар натиҷаи даргирӣ, ки ҳудуди як соъат тӯл кашид, ҳар се ҳамлакунанда кушта шуданд ва ду корманди амнияти миллӣ, аз ҷумла як зан низ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар ин рӯйдод ба афроди ғайринизомӣ осебе нарасидааст.

Толибон мсъулияти ин рӯйдодро ба уҳда гирифта ва гуфтаанд ба ин марказ ҳамла кардаанд, зеро дар онҷо файсалаҳои нодурусте сурат мегирифт.

Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон бо Покистон ҳаммарз аст ва аз вилоёти ноамни Афғонистон маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит