Гурӯҳе аз муҳоҷимони интиҳорӣ ба дафтари волии Қандаҳор ҳамла карданд
Image copyrightBBC World ServiceБа гузориши хабарнигори Би-би-сӣ аз вилояти Қандаҳор, рӯзи чаҳоршанбеи 9 июл гурӯҳе аз муҳоҷимони интиҳорӣ ҳаволии соъати 11:30 ба вақти маҳаллӣ ба дафтари волӣ ва мақарри фармондеҳии пулиси ин вилоят ҳамла карданд.
Муҳаммад Аюб Солангӣ, муъовини амниятии вазорати дохилаи Афғонистон, дар сафҳаи Твитери худ навишт, ки дар ин ҳодиса ду худрави интиҳорӣ мунфаҷир ва ду худрави дигар кашфу мутаваққиф шуд.
Ба навиштаи оқои Солангӣ, дар даргирии байни маъмурон ва муҳоҷимон, ҳафт муҳоҷими интиҳорӣ кушта шуданд, аммо як нафар аз онон ҳанӯз дар муҳосираи нерӯҳои пулис аст.
Ӯ афзудааст, ки чаҳор маъмури пулис др ин ҳодиса захмӣ шудаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки даргирӣ ҳанӯз дар маҳалл идома дорад ва садои инфиҷор ва тирандозӣ шунида мешавад.
Муҳоҷимон ибтидо ба маркази фармондеҳии пулиси вилояти Қандаҳор ҳамла карданд.
То кунун ҷузъиёти бештаре дар мавридии ин ҳодиса дар даст нест.
Толибон масъулияти ин ҳамларо пазируфтааст.
Рӯзи гузашта низ ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Парвон дар шимоли Кобул боъиси кушта шудани 16 нафар шомили ду пулис, 10 ғайринизомӣ ва 4 сарбози хориҷӣ шуд.
