Ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон шонздаҳ нафар аз ҷумла чаҳор низомии хориҷиро кушт

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Парвон дар шимоли Кобул, пойтахти Афғонистон, таъйид карданд, ки дар пайи вуқӯъи як ҳамлаи интиҳорӣ дар вулусволии Багроми ин вилоят 16 тан кушта шудаанд.
Ваҳиди Сидиқӣ, сухангӯйи волии Парвон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки соъати 7-и субҳи имрӯз як фарди интиҳоркунанда дар муқобили маркази беҳдошти рустои Қаландархили вулусволии Багром маводди инфиҷории ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.
Дар ин ҳодиса ду сарбози пулис 10 ғайринизомӣ ва 4 сарбози кишвари Чек, ки дар қолаби Нерӯҳои Байналмилалӣ Кумак ба Амнияти Афғонистон (ISAF)кор мекунанд, кушта шуданд.
Ӯ афзуд, ки сарбозони Чек дар ҳоли боздид аз ин маркази беҳдошт буданд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба вуқӯъ пайваст.
Нерӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон низ бо ирсоли хабарномае кушта шудани чаҳор сарбози худро дар ин рӯйдод таъйид кардааст.
То кунун ҷузъиёти бештар дар бораи теъдоди захмиёни ин ҳодиса дар даст нест.
Гурӯҳи Толиӣон низ бо ирсоли хабарномае ба расонаҳо масъулияти ин ҳодисаро пазируфта ва гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 15 сарбози омрикоӣ кушта шудаанд.
Вилояти Парвон яке аз вилятҳои нисбатан ороми Афғонистон ба ҳисоб меояд, ки камтар шоҳиди ҳамалоти аз ин қабил будааст.
Бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон дар фурудгоҳи Багром, воқеъ дар вулусволи Багром аст.
