Давлати Афғонистон: Толибон ба 21 вилоят ҳамла карданд, 111 кушта доданд

  • 13 Май, 2014
Image copyright
Image caption Сухангӯйи вазорати дифоъ гуфта, ки амалиёти Хугиёнӣ ба раҳбарии нерӯҳои вижаи артиш роҳандозӣ шудааст

Манобеъи амниятии Афғонистон гуфтаанд, ки гурӯҳи Толибон дар оғози амалиёти баҳории худ дар 21 вилоят даст ба ҳамла зада, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо шӯришӣ шудааст.

Рӯзи душанбеи 12 май, ин гурӯҳ эълом кард, ки бо ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳҳои Кобул ва Багром, амалиёти баҳории ин гурӯҳ мавсум ба "Хайбар" оғоз шудааст.

Женерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯйи вазорати дифоъ, имрӯз дар Твитераш навишта, ки Толибон дар ду рӯзи гузашта ба 21 вилояти кишвар ҳамла карданд ва дар 24 соъати гузашта 111 шӯришӣ кушта шудаанд.

Женерол Азимӣ афзуда, ки ин шӯришиён дар вилоятҳои Кунар, Майдон Вардак, Қандаҳор, Урузгон, Фароҳ, Ҳирот, Қундуз, Кобул ва Ҳилманд кушта шудаанд.

Сухангӯйи вазорати дифоъ ҳамчунин аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ бо ширкати воҳидҳои вижаи артиш ва пулис дар вулусволии Хугиёнӣ дар вилояти шарқии Нангарҳор хабар додааст.

Вазорати дохилаи Афғонистон гутааст, ки дар ин амалиёт дастикам 25 узви гурӯҳи Толибон, аз ҷумла чанд сардастаи онон кушта шудаанд.

Дафтари матбуъотии ин вазорат дар иттилоъияе гуфтааст, ки ин амалиёт дирӯз оғоз шуд ва то ҳол ҳамчунон идома дорад.

Image caption Толибон ҳарсола дар фасли баҳор ҳамалоти худро шиддат бахшанд

Вазорати дохила афзуда, ки дар ин амалиёт ба нерӯҳои амниятӣ осебе нарасида, аммо сухангӯйи вазорати дифоъ таъйид карда, ки чаҳор тан аз нафароти артиш дар асари инфиҷори мин кушта шудаанд, вале маҳалли дақиқи ин рӯйдодро зикр накардааст.

Хугиёнӣ яке аз ноамнтарин вулусволии вилояти Нангарҳор аст, ки бо манотиқи Вазиристони Ҷанубӣ ва Шимолии Покистон марзи муштарак дорад.

Гуфта шуда, ки Толибони афғон бо ҳимояти Толибони покистонӣ ва ситезаҷӯёне аз чанд кишвари дигар аз тариқи Вазиристон вориди Хугиёнӣ мешаванд.

Пас аз оғози амалиёти баҳории Толибон, умдатарин ҳамлаи ин гурӯҳ дирӯз дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷараёни он се муҳоҷими интиҳорӣ ба идораи адлия ҳамла карданд.

Дар ин ҳамла ғайр аз муҳоҷимон ҳафт тани дигар кушта шуданд, ки бештари онон афроди ғайринизомӣ буданд.

Матолиби муртабит