"Панҷоҳ" узви гурӯҳи Толибон дар Ғазнӣ кушта шуданд

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Ғазнӣ гуфтаанд, ки дар ҷараёни набарде сахт байни нерӯҳои амниятӣ ва ситезаҷӯёни Толибон дастикам 50 узви ин гурӯҳ кушта шудаанд.
Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ, муъовини волии Ғазнӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин набард дар ҷараёни амалиёти поксозии вулусволии Гелон аз вуҷуди Толибон аз суи нерӯҳои артиш, пулис ва маъмурони Идораи амнияти миллӣ рӯй дод.
Оқои Аҳмадӣ афзуд, ки ин амалиёт ду рӯз пеш оғоз шуд, ки дар ҷараёни он 36 узви дигари гурӯҳи Толибон захмӣ шуданд.
Вазорати дохила ҳам дар вебсойти худ ин хабарро пахш карда ва Саддиқ Саддиқӣ, сухангӯи ин вазорат ин оморро дар Твиттер таъйид кардааст.
Вазорати дохила гуфта, ки гурӯҳе ки дар ин амалиёт нобуд шуд дар "фаъъолиятҳои терруристӣ ва харобкорона" дар Гелон ва соири манотиқи вилояти Ғазнӣ даст дошт.
Оқои Аҳмадӣ гуфт, ки дар ҷараёни ин амалиёт як сарбози артиш кушта, як фарди дигар захмӣ ва фарди саввумӣ аз суи Толибон дастгир шудааст.
Ин вазорат ибрози умедворӣ карда, ки ба дунболи аз байн рафтани ин гурӯҳи шӯришӣ вазъияти амниятӣ дар Гелон беҳбуд хоҳад ёфт.
Ҳанӯз гурӯҳи Толибон дар бораи ин гузориш изҳони назаре накардааст.
Ҳузури афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон аз муддатҳо пеш дар бархе аз манотиқи вилоят гузориш мешуд ва дар мавориде онҳо бо нерӯҳои амниятӣ даргир мешаванд ва дар бархе иқдом ба бумбгузорӣ мекунанд.
Муъовини волии Ғазнӣ гуфт, ки бо гарм шудани ҳаво Толибон дар талош ҳастанд, ки ҳузури худро дар манотиқи ноороми ин вилоят афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ Гелон дар ҳамсоягии вулусволии Нова воқеъ шуда, ки аз кунтрули давлат хориҷ аст.
Ӯ афзуд, ки ин манотиқ дар наздикии марзи Покистон мавқеъият дорад, ки Толибон басодагӣ метавонанд аз ин марз рафтуомад кунанд ва дар бисёре маворид онҳо шабҳо бо мутурсаклет он тарафи марз мераванд ва рӯз ба ин су боз мегарданд.
Ин вазъият Ғазниро дар шумори вилоятҳои ноором қарор дода ва бисёре созмонҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон ин вилоятро дар нақшаи амниятии худ ба ранги сурх нишонӣ кардаанд.
Чанд вилояти дигар дар ҷануби Афғонистон ба лиҳози амниятӣ дар вазъияти мушобеҳ ва ҳатто бадтар аз он қарор доранд. Ҳарчанд дар шуморе аз ин вилоятҳо ҳазорон сарбози дохилӣ ва хориҷӣ мустақар ҳастанд.
