Аҳолии Ғазнӣ 'омили бумбгузории ҷодаиро' бо сангу чӯб куштанд

Мақомҳои вилояти Ғазнӣ дар ҷануби шарқи Афғонистон гуфтаанд, ки ҷамъе аз аҳолии азодори Ғазнӣ фардеро, ки омили бумбгузории рӯзи гузашта дар вулусволии Андари ин вилоят тасаввур мешуда, бо сангу чӯб куштаанд.
Дар инфиҷори бумби канориҷода дар қарияи Соҳибхони вулусволии Андари вилояти Ғазнӣ дирӯз 27 октябр ҳаждаҳ ғайринизомӣ ба шумули понздаҳ зану кӯдак, ки барои ширкат дар як маросими арӯсӣ мерафтанд, кушта ва панҷ ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.
Мусохон Акбарзода, волии Ғазнӣ, дар гуфтугӯе бо Би-би-сии форсӣ гуфт, ки мардуми маҳал омили ин бумгузориро шносоӣ карданд ва пас аз эътирофи муттаҳам бошандаҳои қария ӯро куштаанд.
Оқои Акбарзода гуфт, ки мардуми маҳал ибтидо ба фарди кушташуда машкук буданд, аммо пас аз он ки муттаҳам эътироф кард, ки бумби дигареро ҳам дар ҷои дигаре ҷосозӣ кардааст, бошандагон бо қаҳру ғазаб ӯро зери лату кӯб гирифтанд.
Волии Ғазнӣ дар посух ба ин суол, ки чаро бо бумбгузор бархӯрди қонунӣ сурат нагирифт ва пулис иқдом накард, гуфт: "Мардум хоҳиш карданд, ки ин фард ба дасташон супурда шавад, вақте ки мардум ҳаяҷонӣ бошанд ва дар қаҳру ғазаб бошанду ҳаждаҳ нафар кушта дода бошанд, рӯшан аст, ки коре наметавон кард."
Оқои Акбарзода дар мавриди чигунагии исботи иттиҳоми фарди кушташуда афзуд, ки иттиҳоми шахси бумбгузор тавассути мардум тасбит шуд ва гузоришҳои аввалияи ҳайъати баррасии ҳукумат ҳам нишон медиҳад, ки бумбро ҳамин фард ҷосозӣ карда буд.
Ҳукумати маҳаллии Ғазнӣ барои баррасии ҷузъиёти ин рӯйдод ҳайъатеро ҳам ба қарияи Соҳибхони вулусволии Андар фиристода ва волии Ғазнӣ мегӯяд, ки ҷузъиёти ниҳоӣ дар мавриди ин рӯйдод пас аз такмили баррасиҳои ин ҳайъат рӯшан хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъе дар вилояти Ғазнӣ гуфтаанд, ки омили бумбгузорӣ на тавассути мардум, балки ҳангоми инфиҷори мин канори ҷода кушта шудааст.
Амонуллоҳ Комронӣ, намояндаи мардуми вулусволии Андар дар шӯрои вилоятии Ғазнӣ, ҳам гуфт, ки то ҳанӯз мушаххас нест, ки бумбгузор тавассути мардум кушта шуда ва ё дирӯз ҳангоми инфиҷори бумби канориҷода, аммо ӯ гуфт, ки эҳтимол дорад бумбгузор дар ҷараёни инфиҷори мин кушта шуда бошад.
Оқои Комронӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки фарде, ки муттаҳам ба бумбгузорӣ буд, пештар бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ доштааст. Аммо гурӯҳи Толибон гуфтаанд, ки ин бумбгузорӣ кори афродаш набудааст.
Рӯйдоди дирӯз дар вилояти Ғазнӣ аз рӯйдодҳои хунин дар ҳафтаҳои ахир будааст. Инфиҷори минҳои канориҷода омили бештарин талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон аст.
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ин рӯйдодро бо алфози шадиде маҳкум кард ва онро кори душманони мардуми Афғонистон хонд. Маркази фармондеҳии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Кобул ҳам ин рӯйдодро маҳкум кардааст.
Дар вулусволии Андари вилояти Ғазнӣ гурӯҳҳои мухталифи шӯришӣ, аз ҷумла Толибони афғон ва Толибони покистонӣ фаъъолият доранд. Ғазнӣ аз вилоятҳои ноором дар ҷануби шарқии Афғонистон аст.
