Ғазнӣ расман пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом шуд

  • 13 Апрел, 2013
Ғазнӣ

Шаҳри Ғазнӣ дар ҷануби Афғонистон тайи маросиме вижа расман ба унвони пойтахти фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони ислом дар соли 2013 мелодӣ номгузорӣ шуд.

Ғазнӣ дар соли 2007 аз сӯйи ЮНЕСКО, созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ ба унвони маркази фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони ислом барои соли 2013 интихоб шуд.

Махдун Раҳин, вазири иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон дар ин маросим гуфт, ки ин тасмим сабаби густариши равобити нек миёни кишварҳои исломӣ хоҳад шуд.

Оқои Раҳин ҳамчунин гуфт, ки ҷашни намозгузории Ғазнӣ метавонад “заминаи хубе барои намоиш гузоштани тасвири воқеъӣ аз дунёи ислом ба ҷаҳониён бошад ва паёми сулҳхоҳонаи исломро ба ҷаҳониён бирасонад.”

Дар ин маросим Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон низ ҳузур дошт. Оқои Ҳусайнӣ пешниҳоди “хоҳархондагӣ” миёни шаҳрҳои Ғазнӣ ва Нишопури Эронро матраҳ кард ва гуфт, кишвараш барои муъаррифии тамаддуни Ғазнӣ ба ҷаҳониён кумак мекунад.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт робитаи хоҳархондагии ин ду шаҳр метавонад дар ошноии бештари фарҳангиёни эронӣ ва афғон бо мероси фарҳангии ду кишвар муассир бошад.

Мусо Акбарзода, волии Ғазнӣ номгузории ин шаҳр ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони исломро як ифтихори таърихӣ хонд.

Оқои Акбарзода таъкид кард, ки ин ҷашнвора фурсате аст, то заминае барои баргузории кунфаронсҳои бузурги исломӣ дар Афғонистон фароҳам шавад.

Волии Ғазнӣ афзуд: “Мардуми дунё фикр накунанд, ки мардуми Афғонистон танҳо ҷангро ёд доранд, ҷангро дигарон ба мо содир карданд. Мо ба дигарон фарҳанг содир кардем ва дигарон мутаасифона дар муқобил ба мо ҷанг фиристоданд.”

Дар ин маросим шумори зиёде аз дохилу хориҷи Афғонистон ширкат карданд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ҳеҷ як аз ду муъовинаш дар ин маросим ҳузур надоштанд.

Қарор аст дар моҳи октябри имсол барномаи дигаре бо ҳузури теъдоди зиёде аз меҳмонони хориҷӣ пас аз такмили омодагиҳо барои гушоиши маркази исломӣ дар Ғазнӣ баргузор шавад.

Матолиби муртабит