Вазорати дифоъи Афғонистон: 49 шӯришӣ ва 5 сарбоз дар вилояти Пактико кушта шуданд
Вазорати дифоъи Афғонистон эълом карда, ки ба дунболи ҳамлаи ҳудуди 500 "даҳшатафкани дохилӣ ва хориҷӣ" ба як пойгоҳи артиш дар вилояти ҷануби шарқии Пактико панҷ сарбоз ва 49 шӯришӣ кушта шудаанд.
Ин вазорат дар Твиттер навишт, ки шӯришиён ба ин пойгоҳ дар вулусволии "Зирвак" ҳамла карданд, ки дар ҷараёни он чаҳор сарбоз кушта, як сарбози дигар асир ва панҷ сарбози дигар захмӣ шуданд. Бар асоси ин гузориш як сарбози дигар баъдан кушта шуд.
Вазорати дифоъ афзуда, ки вақте нерӯҳои кумакӣ ба минтақа эъзом шуданд, ҷанги шадиде дар минтақа даргирифт ва ба ҳамин далел аз нерӯҳои байналмилалии ёрии амниятӣ, Ойсоф кумаки ҳавоӣ хоста шуд.
Ба гузориши вазорати дифоъ шуморе аз аҷсоди шӯришиён ҳамчунон дар минтақаи даргирӣ мондааст.
Ҳанӯз гурӯҳи Толибон, ки аз гурӯҳҳои аслии шӯришӣ аст, дар ин маврид изҳори назаре накардааст.
Вилояти Пактико бо Покистон марзи муштарак дорад ва бархе аз манотиқи он ҳар аз гоҳ шоҳиди нооромӣ будааст.
Бар асоси як хабари дигар мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Лағмон дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани се маъмури пулис дар ҷараёни ҳамлаи шӯришиён ба як посгоҳи пулис хабар додаанд.
