Ҳамлаи интиҳорӣ ба нерӯҳои хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон

  • 30 Март, 2014
Image copyrightAP
Image caption Дар ҳамлаи интиҳории Зобул як сарбози Румониё кушта шудааст

Мақомоти маҳаллии Зобул дар ҷануби Афғонистон аз вуқуъи як ҳамлаи интиҳорӣ бар нерӯҳои хориҷӣ дар вулусволии Шаҳри Сафои ин вилоят хабар медиҳанд.

Абдулхолиқ Айюбӣ, вулусволи Шаҳри Сафо ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ бар корвони худравҳои нерӯҳои хориҷӣ ҳаволии соъати даҳи субҳи рӯзи якшанбе, 10 фарвардин/ҳамал (30 март) рух додааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин ҳамла як сарбози румониёӣ кушта ва ҳафт тани дигар аз ҷумла се сарбози румониёӣ ва чаҳор ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Оқои Айюбӣ мегӯяд, ки ҳамлакунанда як худрави мамлу аз маводи инфиҷориро ба корвони нерӯҳои хориҷӣ кӯбидааст.

Мақомоти НОТУ низ таъйид карданд, ки дастикам як сарбози онҳо дар инфиҷоре дар вилояти Зобул кушта ва се тани дигарашон захмӣ шудаанд.

Аммо онҳо гуфтанд, ки ин рӯйдод дар натиҷаи инфиҷори мини канориҷодаӣ рух додааст.

То кунун ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодро бар уҳда нагирифтааст.

Зобул аз вилоятҳои ноором дар ҷануби Афғонистон ва ҳаммарз бо Покистон аст.

Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки ба торихи шонздаҳуми фарвардин/ҳамал (5 апрел) баргузор мешавад, ноамниҳо дар баъзе аз вилоёти ин кишвар бештар шудааст.

Аммо мақомҳои вазорати дохила ва нерӯҳои амниятии Афғонистон аз омодагии комили ин нерӯҳо барои таъмини амнияти марокизи интихоботӣ дар ин кишвар хабар додаанд.

Матолиби муртабит