Инфиҷори интиҳорӣ дар Майдон Вардак чаҳор кушта ва 19 захмӣ баҷо гузошт
Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯйи волии Майдон Вардак, дар маркази Афғонистон, гуфта, ки дар пайи инфиҷори интиҳорӣ дар вулусволии "Нарх" чаҳор пулис кушта ва 19 тани дигар захмӣ шудаанд.
Оқои Хугиёнӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки фарди бумбгузор соъати шаши субҳи имрӯз, 2 декабр, худрави бумбгузоришудаи ҳомили худро дар наздики сохтмони мақарри фармондеҳии пулиси Нарх мунфаҷир кард.
Ба гуфтаи сухангӯйи волии Майдон Вардак, се тан аз афроде, ки дар ин инфиҷор кушта шуданд, афсар ва як нафари дигар маъмури пулис буданд ва захмиёни ин рӯйдод шомили 17 маъмури амниятӣ ва ду кӯдак мешавад, ки вазъияти чаҳор тани онҳо "вахим" аст.
Аттоуллоҳи Хугиёнӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ин инфиҷор сохтмони фармондеҳии пулис ва шуморе аз сохтмонҳои наздик ба он ва аз ҷумла як хона осеб дидааст.
Ӯ афзуд, ки ин ду кӯдаки захмӣ дар ҳамин хона захмӣ шуданд.
Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти созмондиҳии ин инфиҷорро ба уҳда нагирифта, аммо мақомҳои давлатӣ онро ба гурӯҳҳои шӯришӣ нисбат медиҳанд.
Гурӯҳи Толибон ва Ҳизби Исломӣ аз гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар вилояти Майдон Вардак нуфуз доранд ва ҳар аз гоҳе даст ба иқдомҳои мусаллаҳона мезананд.
