Посгоҳи пулис дар шарқи Афғонистон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт

  • 30 Январ, 2014

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор аз вуқӯъи як ҳамлаи интиҳорӣ дар вулусволии Пичирогоми ин вилоят хабар додааст.

Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯйи волии вилояти Нангарҳор, бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамлакунандаи интиҳорӣ худрави бумбгузоришудаи худро ҳаволии соъати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар наздикии посгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон мунфаҷир кард, ки боъиси хисорот ба ин посгоҳ ва захмӣ шудани се сарбози амниятии афғон шудааст.

Нерӯҳои Толибон бо ирсоли хабарномае масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва навиштаанд, ки дар ин ҳодиса як худрави бумбгузоришуда пас аз вуруд ба сохтмони фармондеҳии пулиси ин вулусволӣ мунфаҷир шуд.

Дар ин хабарнома омдааст, ки дар натиҷаи ин амалиёти интиҳорӣ даҳҳо тан аз маъмурони пулис ва нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

.