Инфиҷоре интиҳорӣ ғарби Кобулро ларзонд

  • 21 Июн, 2014
Image copyrightReuters

Инфиҷоре интиҳорӣ дар яке аз хиёбонҳои аслии ғарби Кобул мунҷар ба марги як ғайринизомӣ ва захмӣ шудани се ғайринизомии дигар шудааст.

Ҳашматуллоҳи Истоникзай, сухангӯйи пулиси Кобул, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин инфиҷор ҳаволии соъати 7:10-и субҳи имрӯз (31-и хурдод - 21 июн) дар хиёбони Бурҳониддини Раббонӣ (Афшор) рӯй дод.

Ба гуфтаи ӯ, замоне ки худрави ҳомили Маъсуми Истоникзай, раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳ аз он ҷо мегузашт, фарди бумбгузор бумби ҷосозишуд дар худраверо, ки савори он буд, мунфаҷир кард, аммо ба оқои Истонкзай осебе нарасид.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда нагирифта, аммо пулис мегӯяд, ки ин инфиҷор кори касоне аст, ки намехоҳанд дар Афғонистон оромиш барқарор шавад в барномаи сулҳ ба муваффақият бирасад.

Пас аз баргузории даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар 24 хурдод ин нахустин инфиҷори интиҳорӣ (худкушона) дар шаҳри Кобул аст.

Image copyrightUnknown
Image caption Пулис мегӯяд, ки ҳадафи инфиҷор Маъсуми Истоникзай, раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳ буд

Мақомҳои амниятӣ гуфтаанд, ки пеш аз интихобот ва дар рӯзи баргузории он дастикам шаш шабакаи амалиётии Толибонро муталошӣ карданд, ки қасди анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ дар ин шаҳр доштанд.

Ду рӯз пеш аз интихобот ду бумбгузори интиҳорӣ корвони интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади ин интихоботро ҳадаф қарор доданд, ки шуморе аз муҳофизони ӯ ва чанд ғайринизомиро куштанд.

Оқои Абдуллоҳ Кумисиюни интихоботро муттаҳам ба "тақаллуб" дар натоиҷи интихобот карда ва ҳаводорони ӯ даст ба эътироз алайҳи ончи ки тақаллуби муҳандисишудаи натоиҷи интихобот мехонанд, задаанд.

Имрӯз шуморе аз ҳаводорони оқои Абдуллоҳ дар бархе аз хиёбонҳои Кобул даст ба тазоҳурот ва таҳассун задаанд.

Image copyrightAFP

Пулис мегӯяд, ки худрави ҳомили раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳ осеб дидааст.

Image copyrightAFP

Инфиҷор дар соъате рӯй дод, ки ҳанӯз рафтуомад дар хиёбони маҳалли рӯйдод хеле зиёд набуд.

Матолиби муртабит