Мардони ниқобпӯш 12 фармондеҳи гурӯҳи Толибонро эъдом карданд

  • 5 Июн, 2014
Image caption Нуристон аз вилоятҳои ноамн аст ва вулусволии Комдиши ин вилоят то ҳоло чанд бор байни нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳи Толибон даст ба даст шуда

Мақомоти афғон аз фаъолияти як гурӯҳи машкук ва ниқобпӯш дар ҷануби шарқи Афғонистон хабар медиҳанд, ки то кунун ҳадафи аслиашон куштани фармондеҳони Толибон будааст.

Масъулони ҳукуматӣ дар вилояти Нуристон гуфтаанд, ки ин гурӯҳ марбути "Лашкари таййибаи Покистон" аст ва аз муддате ба ин су вориди вилояти Нуристон дар ҷануби шарқ шудаанд ва дастикам дувоздаҳ фармондеҳи маҳаллии Толибонро то ҳануз ба дор овехтаанд.

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бомдоди имрӯз гурӯҳе аз хабарнигоронро ба Порун, маркази вилояти Нуристон бурд то аз мақомҳои маҳаллӣ дар мавриди фаъолиятҳои машкуки ин гурӯҳ бипурсанд.

Image caption Волии Нуристон мегӯяд, ки гурӯҳи машкук аз суи Лашкари таййиба раҳбарӣ мешавад

Малёр Содиқ Озод, хабарнигори Би-би-сӣ, ки низ дар ин сафар бо дигар хабарнигорон буд, мегӯяд ки далели куштани фармондеҳони Толибон тавассути гурӯҳи машкук нокомии онҳо дар барҳам задани раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хонда шудааст.

Ҳофиз Абдуқайюм, волии Нуристон ҳам ҳушдор дода, ки агар ҷилави фаъолияти ин гурӯҳи саднафарӣ гирифта нашавад, Нуристони Афғонистон ба Вазиристони Покистон мубаддал хоҳад шуд.

Оқои Абдуқайюм ба хабарнигорон гуфта, ки ин гурӯҳ ба номи "ниқобпӯшон ва сиёҳпӯшон" шӯҳрат ёфтаанд ва ахиран дувоздаҳ фармондеҳи маҳаллии гурӯҳи Толибонро ба далели ин ки муваффақ ба барҳам задани раванди интихобот нашуданд, дар вулусволии Комдиши Нуристон ба дор овехтаанд.

Волии Нуристон ҳамчунин гуфтааст, ки ин афроди вобаста ба гурӯҳи "бунёдгарои исломии Покистон؛ Лашкари таййиба аст" ва маъмурият дорад, ки шуморе аз фармондеҳони Толибонро дар Афғонистон аз байн бубарад.

То ҳанӯз манобеъи Толибони покистонӣ ва Лашкари таййиба дар мавриди ин иддаъои мақомҳои афғон ҳарфе назада ва ному нишони аслии ҷангҷуёни машҳур ба "сиёҳпӯшон ва ниқобпӯшон" рӯшан нест.

Амнияти миллии Афғонистон дар вилояти Нуристон низ навори видиюеро дар ихтиёри хабарнигорон гузошта, ки дар он чанд марди ниқобпӯш чаҳор нафарро пойи чӯбаи дор мебаранд ва ҳалқлвез мекунанд.

Хабарнигороне, ки ба Нуристон бурда шуда буданд, бо шуморе аз мардуми маҳал дар мавриди ин ниқобпӯшон суҳбат карданд.

Image caption Идораи амнияти миллӣ дар Нуристон наворе видиюиро аз ҷараёни эъдоми фармондеҳони Толибон ба дасти ин сиёҳпӯшон нишон додааст

Ин афрод дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ аз давлати Афғонистон хостаанд, ки ҷилави фаъолият ва густариши нуфузи ниқобпӯшонро бигирад.

Фаъъолияти машкуки мардони сиёҳпӯш дар вилояти Нуристон хабари тозае нест.

Ду сол пеш дар апрели 2012 низ хабарҳо дар мавриди фаъолияти гурӯҳҳои мушобеҳ пахш шуда буд, аммо аз ду моҳ ба ин су хабарҳои таъйиднашудае дар мавриди ҳузури гурӯҳҳое, ки афроди Толибонро ҳадаф қарор медиҳанд, дар вилоятҳои Қундуз ва Форёб низ мухобира шудааст.

Нуристон дар шимоли шарқи Афғонистон ҳудуди сад килуметр марзи муштарак бо манотиқи қабоилии Покистон дорад ва гурӯҳҳои шӯришӣ дар имтидоди ин марз фаъолият доранд ва аз ин масир барои ноамн кардани вилоятҳои ҷанубӣ ва шимоли шарқии Афғонистон истифода мекунанд.

Вулусволии Комдиши ин вилоят ба далели нуфузи афроди гурӯҳи Толибон то ҳоло чанд бор байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ даст ба даст шудааст.

Image caption Вилояти Нуристон бо Покистон ҳаммарз аст ва шӯришиёни Толибон дар бархе аз манотиқи он нуфуз доранд

Матолиби муртабит