Толибон: Мо дар музокироти сулҳи Дубай намоянда надорем

Гурӯҳи Толибон бо ирсоли хабарномае ба расонаҳо эълом карда, ки ин гурӯҳ дар раванди гуфтугӯи сулҳ, ки гуфта мешавад миёни намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон дар шаҳри Дубай ҳамакнун ҷараён дорад, намояндае надорад.
Ин гурӯҳ афзуда, ки Муътасим Оғоҷон, дар гурӯҳи Толибон кадом масъулияте ва ё вазифае надорад ва ин гурӯҳ фаъолиятҳои ӯро "хилофи усул, ормонҳо ва ҷиҳоди муқаддаси гурӯҳи Толибон" медонад ва муътақид аст ки "ӯ дар ростои аҳдофи ишғолгарон фаъолият дорад ".
Дар ин хабарнома таъкид шуда, ки гурӯҳи Толибон барои анҷоми гуфтугӯ ашхос ва дафтари сиёсии вижа дорад, ки дар сурати ниёз ба музокира бар асоси тасмими Шурои раҳбарии ин гурӯҳ ин бахш масъулияти гуфтугӯро ба уҳда дорад.
Дар ин хабарнома ибрози тардид шуда, ки чун ном ва шӯҳрати комили афроди ширкаткунанда дар нишасти Дубай маълум нест, ин худ нишон медиҳад, ки кадом нишасти воқеъӣ ва ҷараёни қобили таваҷҷуҳ вуҷуд надорад.
Рӯзи гузашта як мақоми афғон ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки шонздаҳ узви муҳими гурӯҳи Толибон дар ҳоли дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Шурои олии сулҳи Афғонистон ҳастанд. Ин гуфтугӯ дар шаҳри Дубай ва ба раҳбарии мавлавӣ Муътасим Оғоҷон, вазири собиқи дороии ҳукумати Толибон бар Афғонистон анҷом мешавад.
Ба гуфтаи ин мақом, ки нахост номаш фош шавад дар миёни ин афрод мавлавӣ Абдуррақиб Тахорӣ ва шаш вазири дигари режими собиқи Толибон низ ҳузур доштанд.
Ин мақоми афғон ҳамчунин гуфтааст, ки панҷ фармондеҳи Толибон, ки дар ҳоли ҳозир бо давлат меҷанганд низ дар ин нишаст ширкат карда буданд.
Мавлавӣ Абдуррақиб Тахорӣ, рӯзи гузашта дар шаҳри Пешовари Покистон ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифта ва кушта шуд. Ӯ дар замони ҳукумати Толибон бар Афғонистон ба унвони вазири умури муҳоҷирин кор мекард.
