Гуфтугӯи мустақими давлати Афғонистон ва Толибон дар Дубай

  • 8 Август, 2013
Image caption Гузориш шуда, ки ин гуфтугӯҳо дар Дубаи аморати Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифтааст

Гузоришҳо аз Афғонистон ҳокӣ аст, ки барои нахустин бор гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ миёни Толибон ва намояндагони давлати Афғонистон сурат гирифтааст.

Мақомоти аршад дар Кобул ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ин гуфтугӯҳо миёни Маъсум Истонакзай, дабири дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва намояндагони Толибон дар Дубай сурат гирифтааст.

Ин мақомот гуфтаанд, ки омрикоиҳо ва покистониҳо низ дар ин гуфтугӯҳо дахил будаанд.

Дар мавриди замони баргузории ин музокирот ҷузъиёти зиёде дар даст нест.

Ин нахустин боре аст, ки намояндагони Толибон ба сурати мустақим бо намояндагони давлати Афғонистон музокира мекунанд.

Дар гузашта Толибон ҳамвора музокираи мустақим бо давлати Афғонистонро рад карда ва гуфтаанд, ки танҳо бо омрикоиҳо ба унвони тарафи аслии ҷанги Афғонистон музокира мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гурӯҳи Толибон бо ирсоли як нома ба расонаҳо анҷоми ин гуфтугӯҳоро рад карда ва онро нодуруст хондааст.

Аммо шуморе аз таҳлилгарон бад-ин боваранд, ки Толибон бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаи гуфтугӯҳо дар Қатар анҷоми ин музокиротро то замони даст ёфтан ба як натиҷаи малмус таъйид нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи онҳо, Толибон ҳамчунин нигаронанд, ки пахши хабарҳои марбут ба гуфтугӯҳои мустақим бо давлати Афғонистон бар таъсиротеро бар рӯҳияи ҷангҷӯёни онҳо дар ҷабаҳот ворид кунад.

Image caption Дафтари Толибон бо лавҳаи "Аморати Исломии Афғонистон" ва парчами сафед дар бистуми июни имсол дар Дуҳаи Қатар гушоиш ёфт

Бештар аз як моҳ пеш давлати Афғонистон ба гушоиши дафтари Толибон дар Қатар вокуниш нишон дод ва Омрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад бидуни ҳузури давлати Афғонистон бо Толибон муъомила кунад.

Дафтари Толибон бо лавҳаи "Аморати Исломии Афғонистон" ва парчами сафед дар бистуми июни имсол дар Дуҳаи Қатар гушоиш ёфт, аммо пас аз эътирози давлати Афғонистон лавҳа ва парчами ин дафтар бардошта шуд.

Пас аз он музокирот ба ҳолати таълиқ даромад.

Дирӯз Мулло Умар, раҳбари Толибон, низ дар паёми идии худ ба дафтари Толибон дар Қатар ишора кард ва онро нишонае аз мавзеъи озод, мустаҳкам ва собити ин гурӯҳ донист ва ба сурати зимнӣ аз раванде, ки шурӯъ шуда, ҳимоят кард.

Матолиби муртабит