Фармондеҳи артиши Афғонистон: Покистон метавонад ба шӯриш дар Афғонистон поён диҳад

  • 3 Июл, 2013
Image caption Каримӣ: Агар Покистон бихоҳад бихоҳад шӯриш дар Афғонистон зарфи чанд ҳафта хотима хоҳад ёфт

Раиси ситоди артиши Афғонистон гуфтааст, ки давлати Покистон метавонад зарфи чанд ҳафта ба шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлати Афғонистон поён диҳад.

Шермуҳаммад Каримӣ, раиси ситоди муштараки артиши Афғонистон, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ Покистонро муттаҳам кардааст, ки аз раҳбарони гурӯҳи Толибон ҳимоят карда ва ба онон паноҳ медиҳад ва амдан нафароти мусаллаҳи ин гурӯҳро ба Афғонистон мефиристад.

Женерол Каримӣ дар мусоҳиба бо барномаи "Би-би-сӣ тудей" гуфтааст, ки Покистон "Толибонро кунтрул мекунад ва раҳбарони Толибон дар Покистон ҳастанд."

Ба гуфтаи фармондеҳи ситоди муштараки артиши Афғонистон, давлати Покистон "тамоми мадориси диниро таътил карда ва ҳамаи Толибонро ба ҷони Афғонистон андохтааст."

Ин мақоми низомии Афғонистон афзудааст, ки агар ҳам Омрико ва ҳам Покистон хостори барқарории сулҳ дар Афғонистон бошанд, афғонҳо метавонад ба сулҳ даст ёбад.

Артишбуд Каримӣ дар мавриди нақши муҳимми Покистон дар нооромии мусаллаҳона дар Афғонистон гуфтааст, ки агар Покистон "раҳбарони Толибонро таҳти фишор қарор диҳадн ё ононро қонеъ кунад, ки чи бояд бикунанд, чунин иқдоме кумаки бузурге ба сулҳ хоҳад буд."

Image caption Мақомоти афғон муътақиданд, ки шӯришиёни Толибон дар навоҳии марзии Покистон мустақар шудаанд

Вай афзудааст, ки агар Покистон ба раҳбарони Толибон бигӯяд, ки бояд ба шӯриш алайҳи давлати Афғонистон поён диҳанд, ин шӯриш "зарфи чанд ҳафта" хотима хоҳад ёфт.

Мақомоти Афғонистон ҳамвора ниҳодҳое дар ташкилоти амниятӣ ва низомии Покистонро ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки ин гурӯҳ бидуни бархӯрдорӣ аз чунин ҳимояте, аз ҷумла имкони барқарории марокизе дар дохили хоки Покистон қодир ба идомаи амалиёти мусаллаҳона дар дохили Афғонистон набуд.

Ба гуфтаи коршиносони минтақа дар соли 1994 гурӯҳи Толибон, ё тулоб, аз гурӯҳе аз исломгароёни тундрав ташкил шуд, ки дар ҷараёни инғоли Афғонистон тавассути нерӯҳои Шӯравӣ ба унвони муҷоҳиддини мусаллаҳ алайҳи артиши шӯравӣ меҷангиданд.

Иттиҳоми ҳимоят аз шӯришиён

Image caption Покистон аз маъдуд кишварҳое буд, ки бо режими Толибон равобити расмии сиёсӣ барқарор карданд

Мақомоти Афғонистон бар нақши дастгоҳҳои иттилоъотии Покистон дар ташкили ин гурӯҳ пас аз хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон таъкид доранд.

Гурӯҳи Толибон дар соли 1996 тавонист бо тасарруфи Кобул, ҳукумати Афғонистонро дар даст бигирад дар ҳоле ки Покистон яке аз чанд кишваре буд, ки ин ҳукуматро ба расмият шинохт ва бо он равобити сиёсӣ барқарор кард.

Режими Толибон дар натиҷаи ҳамлаи эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Омрико дар соли 2001 суқут кард ва ба гуфтаи мақомоти афғон раҳбарон ва аъзои боқимондаи он ба Покистон гурехтанд ва бахусус дар манотиқи шимоли ғарби он кишвар дар муҷовирати марзи Афғонистон мустақар шуданд.

Матолиби муртабит