Дар Толибони Покистон иншиъоб шудааст

  • 28 Май, 2014
Толибони ПокистонImage copyrightAP
Image caption Шуъбаи Толибон дар Вазиристони ҷанубӣ худро мустақил аз шабакаи Толибони Покистон эълом кардааст

Як ҷиноҳи умдаи Толибони Покистон ҷудоии худ аз ин гурӯҳро эълом кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7 хурдод (28 май), Аъзам Торуқ, аз фармондеҳони яке аз ҷиноҳҳои аслии Толибони Покистон бо судури баёнияе эълом кард, ки шуъбаи Толибон дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон дар пайи ихтилофи назар бо раҳбарии Толибон аз ин гурӯҳ муншаъиб шудааст. Ин ҷиноҳ ба қабилаи Меҳсуд дар ин минтақа вобаста аст.

Дар баёнияи Аъзам Торуқ омадааст: "Мо ҷудоии худ аз Таҳрики Толибони Покистонро эълом карда ва ба итилоъ мерасонем, ки Холид Меҳсудро ба унвони раҳбарии ҷадиди Вазиристони ҷанубӣ интихоб кардаем."

Ба гузориши хабаргузории Фаронса Холид Меҳсуд аз ҷумлаи касоне буд, ки пас аз кушта шудани Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари собиқи Толибони Покистон дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ дар моҳи ноябри соли гузашта дар садади ҷонишинии ӯ баромад, аммо ин мавқеъият насиби Мавлоно Фазлуллоҳ, аз фармондеҳони исломгарои минтақаи дарраи Свот шуд.

Аъзам Торуқ дар мавриди далели тасмим ба иншиъоб аз Толибон гуфтааст, ки "аносури ҷинояткор" дар ташкилоти фармондиҳии Толибон нуфуз кардаанд ва дар иқдомоте монанди боҷгирӣ, одамрабоӣ ба манзури аххозӣ ва ҷиноёти дигар даст доштаанд. Раҳбарии Толибон ҳамчунин муттаҳам шудааст, ки ғайринизомиёнро ҳадафи ҳамла қарор медиҳад.

Image copyrightAP
Image caption Нафароти таҳти раҳбарии мавлоно Фазлуллоҳ ба иқдомоти ҷинояткорона муттаҳам шудаанд

Аъзам Торуқ ин "аносур"-ро муттаҳам карда, ки дар хидмати "созмонҳои ҷосусии хориҷӣ" ҳастанд, ҳарчанд мушаххас накардааст, ки ин созмонҳо кадом ҳастанд ва ба чӣ кишваре таъаллуқ доранд.

Ин баёния меафзояд, ки ҷиноҳи Холид Меҳсуд қабл аз тасмим ба ҷудоӣ аз Толибон "тамомии талоши худро ба кор гирифт то раҳбарии Таҳрики Толибонро ба роҳи рост ҳидоят кунад ва ҳатто Толибони афғон кӯшид байни мо миёнҷигарӣ кунад, аммо раҳбарии Толибон ба талоши онон таваҷҷуҳе накард."

Иттилоъияи шохаи иншиъобии Толибони Покистон як рӯз пас аз он мунташир мешавад, ки женерол Роҳил Шариф, раиси ситоди муштараки артиши Покистон аз минтақаи Вазиристони ҷанубӣ, ки яке аз ҳафт минтақаи қабилаии воқеъ дар марз бо Афғонистон аст, дидан кард.

Image copyrightAFP
Image caption Дар рақобат барои раҳбарии Толибон мавлоно Фазлуллоҳ пирӯз шуда буд

Ба гуфтаи нозирон тасмими гурӯҳи Холид Меҳсуд ба ҷудоӣ аз Толибони Покистон муваффақияте умда барои давлати ин кишвар аст ва боқимондаи Толибони Покистонро бо душворӣ ва хатари таҷзияи бештар мувоҷеҳ мекунад.

Давлати Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки соли гузашта ба ин симат даст ёфт, музокира бо Толибонро ба унвони яке аз масойили муҳими сиёсати дохилии худ дунбол кардааст.

Дар ин росто артиши Покистон ва Толибон бар сари барқарории оташбас ба тавофуқ расиданд, аммо аввали моҳи март Толибон ин оташбаси чиҳилрӯзаро шикаст ва тардидҳоеро дар мавриди ваҳдати назар дар радаи раҳбарии Толибон эҷод кард. Иншиъоби гурӯҳи Меҳсуд ин тардидҳоро тақвият кардааст. Эҳтимол дорад раҳбарони ҷиноҳҳои мухталифи Толибон бар сари музокира барои дастёбӣ ба сулҳ бо давлати Покистон ё идома ва ташдиди даргирии мусаллаҳона ихтилофи назар доштаанд.

Толибони Покистон дар соли 2007 мелодӣ бо ҳадафи истиқрори ҳукумати исломӣ ва ҷорӣ кардани қавонини шаръ дар Покистон вориди муборизаи мусаллаҳона шуд. Аз Толибони Покистон ба унвони шабакаи муташаккил аз теъдоде гурӯҳҳои тундрави маҳаллӣ ном бурда мешавад, аммо зоҳиран дар моҳҳои ахир байни гурӯҳи Меҳсуд ва гурӯҳҳои рақиб даргириҳои хунине рӯй дода буд.

Матолиби муртабит