Ҳайати покистонӣ барои музокира бо Толибон ба Вазиристони Шимолӣ рафт
Image copyrightGetty imagesЯк ҳайати музокиракунанда аз суи давлати Покистон бо ҳадафи гуфтугӯ бо Толибон ба минтақаи Вазиристони Шимолӣ, минтақаи қабилаии Покистон рафтааст.
Сафари ин ҳайати давлати Покистон ва мулоқоти онҳо бо намояндагони Толибон аввалин дидори мустақими байни ду тараф аст.
Ҳайати давлати Покистон бо ҳеликуптер аз Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхо ба Вазиристони Шимолӣ рафтааст.
Маҳалли дақиқи дидори ду тараф мушаххас нашудааст.
Ин таҳаввул пас аз он сурат гирифт, ки давлати Покистон ахиран Кумитаи тозаеро барои пешбурди музокироти мустақим бо Толибон таъйид кард.
Пештар ва бо омодагии ду тараф барои музокирот Толибон ба таври ғайримустақим аз тариқи намояндагоне бо ҳайати давлатӣ дидор карда буд.
Ба дунболи ин дидор авоили моҳи ҷории мелодӣ ду тараф бар сари як оташбаси якмоҳа ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси гузорҳои мунташиршуда аз суи манобеъи давлатӣ идомаи ин оташбаси якмоҳа меҳвари аслии гуфтугӯҳои тоза бо Толибон хоҳад буд.
Ҳамзамон ва алорағми ин таҳаввул, ки бисёре онро қадаме мусбат хондаанд, бархе аз нозирон бо таваҷҷуҳ ба мавозеъи эъломшуда аз суи Толибони Покистон ва таъкиди онҳо аз ҷумла бар эҷоди муқаррароти шариъат дар кишвар ба идомаи ин музокирот бо шаку тардид нигоҳ мекунанд.
Дар айни ҳол бархе ин нигарониро унвон мекунанд, ки Толибон гурӯҳе воҳид нест ва маҷмуъае аз гурӯҳҳои кӯчактар аст, ки ин нукта ба гуфтаи онҳо метавонад билқувва бар натоиҷи ниҳоии ин музокирот таъсир дошта бошад.
Бархе аз нозирон низ муътақиданд, ки ин музокирот ба Толибон фурсати инсиҷоми муҷаддад медиҳад. Ҳамалоти ахири нерӯҳои низомии Покистон бар мавозеъи ситезаҷӯёни Толибон ва ҳамчунин ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки бавижа раҳбарони Толибонро аз байн бурдааст, бар инсиҷоми амалиётии онҳо башиддат садама задааст.
