Толибони Покистон намояндагони худро барои музокирот бо давлат муъаррифӣ карданд

  • 2 Феврал, 2014
Толибони ПокистонImage copyright
Image caption Толибон мегӯяд, ки намояндагони онҳо метавонанд бо давлат вориди музокира шаванд

Толибони Покистон панҷ нафарро дар қолаби кумитае ба унвони намояндаи худ барои анҷоми музокирот бо давлати Покистон таъин кардааст.

Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Толибони Покистон ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки "аъзои ин кумита бо намояндагон муъаррифӣ шуда (ба ҳамин манзур) аз суи давлат ва ба намояндагӣ аз Толибон вориди гуфтугӯ хоҳанд шуд."

Имронхон, раҳбари ҳизби таҳрики инсофи Покистон Мавлоно Абдулазиз, рӯҳонии аршади масҷиди сурхи Исломобод, Мавлоно Самеъулҳақ, Муфтӣ Кифоятуллоҳ ва пруфессур Иброҳимхон аъзои кумитаи муъаррифишуда аз суи Толибон ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст ки бар асоси гузоришҳо ба нақл аз оқои Имронхон гузориш шудааст, ки Толибон беҳтар аст намояндаҳо аз суи худро барои ин музокирот муъаррифӣ кунанд. Дар ҳамин робитаи ин ҳизб дар баёнияе гуфтааст, ки оқои Хон тарҷеҳ медиҳад дар раванди кумак ба пешбурди ин музокирот дар нақши дигаре фаъолият дошта бошад.

Ҳизби оқои Имронхон аз ҳомиёни сарсахти музокирот бо Толибон аст.

Ин таҳаввул пас аз он сурат мегирад, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон пештар (чаҳоршанбеи 29 январи 2014) дастури ташкили кумитае барои анҷоми музокирот бо Толибон дод.

Бар асоси гузоришҳо 4 нафар узви ин кумитаи муъаррифишуда аз суи давлат ҳастанд.

Ирфон Сиддиқӣ аз муовинони оқои Шариф, Муҳамад Омир аз аъзои собиқи созмони истихборотии кишвар, Раҳимуллоҳ Юсуфзай, рӯзноманигор ва Рустамшоҳ Муҳманд, сафири собиқи Покистон дар Афғонистон аз аъзои ин кумита ҳастанд, ки таҳти назари вазорати кишвари Покистон фаъолият мекунанд.

Оқои Шариф, ки дар порлумони ин кишвар суханронӣ мекард, таъкид кард, ки давлати ӯ мехоҳад то пеш аз анҷоми як амалиёти низомӣ алайҳи ситезаҷӯён бори дигар шонси музокиротро биозмояд.

Фишор бар давлати оқои Шариф барои иттихози тасмим алайҳи фаъолияти ситезаҷӯён афзоиш ёфтааст.

Матолиби муртабит