Амалиёти сангини артиши Покистон дар Вазиристони Шимолӣ

Теъдоде аз сокинони минтақаи қабилаии Вазиристони Шимолӣ дар Покистон мегӯянд, ки теъдоде ғайринизомӣ дар тозатарин даргириҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва ситезаҷӯён кушта шудаанд.
Ба гуфтаи ин афрод истифодаи артиш аз ҳеликуптер ва тӯпхона боиси харобии теъдоде аз сохтмонҳо дар минтақаи "Миралӣ" шудааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти артиш ин иддаъоро рад мекунанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Покистон гуфтаанд, ки бар асари амалиёти нерӯҳои артиш дар минтақа 33 ситезаҷӯ кушта шудаанд.
Артиши Покистон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта (20 декабр) амалиётеро алайҳи ситезаҷӯён дар ин минтақа оғоз кард.
Хушунатҳои тоза дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ як рӯз пас аз он рӯй дод, ки як бумбгузори интиҳорӣ як истгоҳи амниятии артишро дар минтақа ҳадаф қарор дод, ки дар асари он 5 сарбоз кушта ва 34 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Гурӯҳи камтар шинохташудаи "Анчорулмуҷоҳидин" масъулияти ҳамлаи ёдшударо бар дӯш гирифт.
Артиш муқаррароти манъи омаду шуд дар минтақаро ба иҷро гузоштааст.
Ба гуфтаи соҳибназарон амалиёти артиш дар Вазиристони Шимолӣ бо ин вусъат камсобиқа аст.
Артиши Покистон дар солҳои гузашта дар манотиқи мухталиф аз ҷумлаи Мулканд ва Вазиристони Ҷанубӣ амалиёти густарда анҷом дода буд ва дар бисёре дигар аз манотиқи қабилаӣ даст ба амалиёти кӯчактар зада буд.
Аммо анҷоми амалиёти сангин алайҳи шӯришиён дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ анҷом нашуда буд. Бисёре аз давлат ва артиш дар хусуси адами анҷоми амалиёт алайҳи ситезаҷӯён дар ин минтақа интиқод мекарданд.
Нерӯҳои мавсум ба Таҳрики Толибони Покистон ва теъдоде дигар аз ситезаҷӯёни мухолифи давлати ин кишвар дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ махфӣ ҳастанд.
Амалиёти артиши Покистон дар ин минтақа аввалин амалиёт аз ин даст ва пас аз интисоби фармондеҳи ҷадиди артиши кишвар, женерол Роҳил Шариф аст.
Артишбад Шариф, рӯзи ҷумъаи 29 ноябр дар маросиме дар маҳалли ситоди артиш дар Ровалпиндӣ савганд ёд кард.
Женерол Шариф аз ҷумлаи фармондеҳони аршади артиш Покистон аст ки хатари ситезаҷӯёни мусаллаҳро бо хатари эҳтимолӣ аз суи Ҳинд баробар медонад.
Артиши Покистон ба таври суннатӣ Ҳинд, ҳамсояи шарқии ин кишварро душмани истротежики худ маҳсуб мекунад.
Аммо дар авоили соли ҷории мелодӣ як санади дохилии артиш, ки аз суи Би-би-сӣ дида шуд, барои аввалин бор бар вуҷуди таҳдиде дар марзҳои ғарбии ин кишвар таъкид карда буд.
Бар асоси ин санад мақомҳои артиши Покистон бар ин боваранд, ки авомили ситезаҷӯёни фаъол дар марзҳои ғарбӣ мухотиротеро мутаваҷҷеҳи мавҷудияти Покистон мекунанд, бинобар ин бояд бо онҳо муқобала кард.
